Август 15, 2023 12:10 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Абъоди мухталифи таъсироти ҷанг бар кӯдакони яманӣ

Ҷанг алайҳи Яман ҳанӯз поён наёфтааст. Дар 8.5 соли гузашта, ки Яман шоҳиди ҷанги Эътилофи саудӣ – иморотӣ аст, кӯдакон аз қурбониёни аслӣ ҳастанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Дар асари ин ҷанг, миллионҳо кӯдаки яманӣ ба ашколи мухталиф қурбонӣ шуданд. Кушта ва захмӣ шудани танҳо як маврид аз таъсироти ҷанг барои кӯдакони яманӣ аст.

Алӣ Ал Дейламӣ, вазири ҳуқуқи башар дар Давлати наҷоти миллии Яман гуфт, аз оғози ҷанги Эътилофи саудӣ - иморотӣ алайҳи Яман то ба имрӯз дар ҷараёни ҳамалоти мустақими неруҳои ин эътилоф, ҳаштҳазор кӯдаки яманӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси гузориши ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ, рӯзона беш аз 80 навзод ба хотири истифода аз силоҳҳои мамнуаи байналмилалӣ, ҷони худро аз даст медиҳанд. Беш аз 11 ҳазор кӯдак низ аз захмиҳои ҷанг ҳастанд.

Илова бар ин, даҳҳо ҳазор кӯдаки тоза мутаваллид шудаи норас низ яке дигар аз паёмадҳои ҷанг алайҳи Яман аст. Гузориши ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ҳокӣ аз ин аст, ки дар асари истифодаи эътилофи Саудӣ аз силоҳҳои мамнӯаи байналмилалӣ солона , 39 дарсад аз навзодони Яман норас ба дунё меоянд, яъне як миллиону 120 ҳазор навзод.

Гуруснагӣ ва бемории кӯдакон низ яке дигар аз табаоти малмӯси ҷанг алайҳи Яман аст. Гузоришҳо ҳокӣ аз ин аст, ки ҳудӯди 11 миллион кӯдаки яманӣ бо хатари гуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва ба шиддат ба кумакҳои ғизоӣ ва доруӣ ниёз доранду ҳудӯди 2 миллиону 200 ҳазор кӯдак низ аз сӯитағзияи шадид ранҷ мебаранд.

Илова бар мавориди зикр шуда, аз даст додани волидайн ва бепуштвона шудани кӯдакон низ дигар паёмади ҷанг аст. Кӯдакони яманӣ зимни инки хисоратҳои малмӯс мутаҳаммил шуданд, ҷанг барои онҳо паёмадҳои рӯҳӣ ва равонии зиёде низ дошта ва ояндаи зиндагии онҳоро дар хатари ҷиддӣ қарор додааст.

Ориф Ал Омирӣ, сухангӯи вазорати ҳуқуқи башари Давлати наҷоти миллӣ дар ин хусӯс гуфт, кӯдакони яманӣ дар шароити бисёр сахту душвори ҷисмӣ ва рӯҳӣ ба сар мебаранд набуди беҳдошт, қатлу куштор, оворагӣ, паноҳандагӣ ва нақзи ҳамаи ҳуқуқи онҳо дар пайи муҳосираи Яман, ин шароитро бар онҳо таҳмил кардааст.

Аҳмад Абӯ Ҳамро, фаъоли ҳуқуқи башари яманӣ ҳам дар ин хусӯс унвон кард, шакке нест, ки асароти ҷангу муҳосира ҳатто пас аз поёни он бар кӯдакони мо низ идома хоҳад дошт. Бархе аз кӯдакони яманӣ хонаводаи худро ба таври комил ва бархе дигар, теъдоде аз аъзои хонаводаи худро аз даст доданд.

Нуктаи поёнӣ инки бо вуҷӯди табаоти ошкору пинҳоне, ки ҷанг барои яманиҳо дошта ва ҳатто ниҳодҳои зери маҷмӯаи Созмони Милали Муттаҳид низ борҳо ба он изъон кардаанд, аммо ин созмон токунӯн иқдоми ҷиддӣ барои ҳимоят аз кӯдакони яманӣ анҷоми надод. Ориф Ал Омирӣ, сухангӯи вазорати ҳуқуқи башари Давлати наҷоти миллӣ гуфт, бо вуҷӯди инки токунӯн беш аз ҳаштҳазор кӯдак аз оғози таҷовузи амрикоӣ, саудӣ ва иморотӣ бар Яман, кушта шудаанд, аммо Созмони милал ҳеҷ илтизоме ба ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакони яманӣ надорад.

Аҳмад Абӯ Ҳамроҳ, фаъоли ҳуқуқи башарии Яман ҳам гуфт, агар ин кӯдакони қурбонӣ дар кишвари дигаре монанди Украина буданд, осмон ба замин мерасид ва созмонҳо барои ҷилавгирӣ аз тахаллуфот алайҳи онҳо ва коҳиши ранҷашон талош мекарданд.

 

Барчасп