Октябр 09, 2023 11:13 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамалоти гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар абъоди заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ
    Баррасии ҳамалоти гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар абъоди заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ

Гуруҳҳои муқовимати фаластинии мустақар дар Навори Ғазза, яъне ҷумбиши ҲАМОС ба ҳамроҳи дигар ҷумбишҳои фаластинӣ, ба вижа ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин рӯзи шанбеи 7 октябри соли 2023 амалиёти “Тӯфони Алақсо” - ро алайҳи режими саҳюнистӣ оғоз карданд, ки мӯҷиби инфиъоли комили ин режим шудаву шоки бузургеро ба саҳюнистҳо ворид кард.

Амалиёти рӯзи шанбеи гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ камсобиқа ки на, балки бесобиқа аст ва шеваҳои иттилоотӣ, низомӣ ва тактикии ба кор рафта дар он ва ҳамчунин бархе таҷҳизоти низомиву таслеҳотии мавриди истифода дар ин амалиёт бо набардҳои гузаштаи ин гуруҳҳо бисёр мутафовит аст.

Ҷасорату халлоқияте, ки гуруҳҳои фаластинӣ дар ин амалиёт ба харҷ додаанд, абъоди ҷадиде аз фурсатҳо барои ин ҷабҳа ва заъфҳои тарафи муқобилро фош кардааст. Ҳамалоти гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар абъоди заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ сурат гирифту ҳамаи манотиқи атрофи Навори Ғазза бо ҳамла ба 50 пойгоҳи низомии режими саҳюнистӣ ва шаҳракҳои саҳюнистнишини атрофи Ғаззаро дарбар гирифт.

Бо эъломи Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ то кунун 350 саҳюнист кушта ва 1864 нафар маҷруҳ шуда ва 750 нафар нопадид ҳастанд.

Яке аз мушаххасаҳои муҳими ин амалиёт риояти комили асли ғофилгирӣ буд, ки намоди он адами омодагии низомиёни саҳюнист барои тақобул бо размандагони фаластинӣ буд, камо ин ки дар филму клипҳои мунташиршуда аз бархе посгоҳҳову пойгоҳҳои исроилӣ, низомиёни режими саҳюнистӣ ба сурати ошкоре ғофилгир шуда ва ба ҳалокат расида буданд.

Натан Сакс, масъули бахши Ховари Миёнаи Андешакадаи амрикоии “Брокингз” эътироф карда, ки омодагии Катоиби Алқисом, шохаи низомии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ҳайратангез аст. Сакс навишт: “Дар ҳамлаи ғофилгиронаи густардаи ҲАМОС ба Исроил дар субҳи шанбе даҳҳо неруи ҲАМОС зери пӯшиши ҳазорон мушаки шилликшуда аз Ғазза ба шаҳрҳо ва рустоҳои Исроил нуфуз карданд.

Рӯзномаи амрикоии “Вол стрит журнал” дар матлабе зимни “ғофилгирии бузург” хондани ҳамалоти ҲАМОС ба Исроил, онро шикасте бузург барои артишу дастгоҳҳои иттилоотии режими саҳюнистӣ арзёбӣ ва таърихӣ тавсиф кард. Брайан Католис, аз аъзои аршади Андешкдаи муассисаи Ховари Миёна дар Вашингтон мегӯяд: “Бетардид ин як амалиёти комилан барномарезишуда буд, ки якшаба амалӣ намешуд ва ҷои тааҷҷуб аст, ки тавассути Исроил ё ҳеҷ як аз шуракои амниятии он шиносоӣ нашуда буд. Пазириши чунин шикасти бузурги таърихӣ душвор аст”.

Дар буъди низомӣ истифодаи гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ аз анвои таслеҳоти ҷадид нишонгари тавваҷуҳи онҳо ба дастовардҳову дарсҳои ҷангҳои ахир, ба вижа ҷанги Қарабоғ дар соли 2020 ва ҷанги Украина аст. Яке аз мавориди муҳим дар ин замина истифода аз квадракоптерҳои муҷаҳҳаз ба гулӯлаҳои хумпора ва соири таҷҳизоти инфиҷорӣ барои инҳидоми танкҳо, адавоти зиреҳӣ ва нобудии нафароти душман аст, ки ба наҳви муассире мавриди истифода қарор гирифтаанд. Истифода аз чунин тактикае мӯҷиб шуда то танкҳои Марковои исроилӣ бо вуҷуди доштани сомонаи дифои фаъол барои муқобила бо мушакҳои зидди танк, аммо ба далели ҳамла аз боло ба роҳатӣ мунҳадим шаванд. Дигар аз мавориди ҷадиди истифодаи размандагони муқовимати фаластинӣ аз параглойдерҳо барои парвозу нуфуз ба манотиқи атрофи Навори Ғазза аст, ки дар навъи худ дар арсаи тақобули фаластиниҳову саҳюнистҳо бесобиқа аст.

Ҷумбишҳои муқовимати фаластинӣ ҳамчунин аз паҳподҳои интиҳорӣ барои ҳамла ба таҷҳизоти низомӣ ва неруҳои режими саҳюнистӣ истифода кардаанд.

Дар айни ҳол ба манзури таҳарруки неруҳои разманда, ҷумбишҳои фаластинӣ истифодаи зиёде аз анвои мошинҳои пикапу моторсиклетҳо кардаанд, ки ин амр дар ғофилгирии низомиёни саҳюнист муассир будааст.

Истифодаи ҷумбишҳои муқовимати фаластинӣ аз анвои ракетаҳо ва мушакҳо бо бурдҳои мухталиф, ки ба теъдоди ҳазорон адад шиллик шудаанд, муҷиби сардаргумии сомонаи Гунбади оҳанини режими саҳюнистӣ шуда ва ба ҳамин далел шумори зиёде аз онҳо ба манотиқи мухталифи Фаластини ишғолӣ, аз ҷумла Тел-Авив исобат кардаанд.

Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар маросими бузургдошти сивушашумин солгарди таъсиси ин ҷумбиш ва чанд рӯз қабл аз оғози амалиёти “Тӯфони Алақсо” аз мушаки болистики ҷадиду дурбурде дар паради неруҳои худ рӯнамоӣ кард, ки номи он мушаххас нашуда буд. Мусалламан истифода аз ин гуна мушакҳо, ки диққату бурди онҳо ба наҳви рӯзафзуне афзоиш ёфтааст, чолиши низомии бузургеро мутаваҷҷеҳи режими саҳюнистӣ кардааст.

Наметавон гуфт, ки амалиёти “Тӯфони Алақсо” на фақат мӯҷиби тағйири мувозина байни гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ва Исроил шуда, балки ба манзалаи нуқтаи атфе дар равандҳои низомии иттилоотиву таслеҳотӣ дар рӯёрӯии байни фаластиниҳову режими саҳюнистӣ шудааст.

 

Барчасп