Ноябр 03, 2023 19:02 Asia/Dushanbe
  • Сиддиқӣ: Ҷабҳаи муқовимат дунёро мутаҳаввил кардааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баён инки имрӯз ҷабҳаи муқовимат як ҷабҳаи байналмилалӣ аст, гуфт: Ҷабҳаи муқовимат дунёро мутаҳаввил кардааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъа дар Донишгоҳи Теҳрон изҳор кард: Иттифоқоте, ки ин рӯзҳо дар Ҷабҳаи муқовимат меафтад аз мактаби вилоят ва имомат нишот гирифта ва парчами он дар дасти раҳбари мо будааст.

 Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тасвиби ҷанг бо Исроил тавассути Маҷлиси Алҷазоир, унвон кард: Ҳар рӯз суфра ҷадиде ба ин ҷабҳа муқовимат изофа мешавад, то бо саҳюнистҳои нажодпараст муқобила сурат гирад. Умедворам ҳама давлатҳои исломӣ ҳамон тавр, ки Раҳбари азимушшаънамон фармуданд, бо режими саҳюнистӣ қатъи робита карда ва сафирони ин режими сохтагиро берун кунанд ва даст ба таҳрими ҳамаҷонибаи Исроил бизананд.

 Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ бо таъкид бар инки матлаби муҳимми ҷаҳони Ислом, имрӯз Ғазза аст, афзуд: Уммати исломӣ бо таваҷҷуҳ ба оёт дилгарм бошанд ва пушти муҷоҳидони ҷон бар каф биистанд ва барои ризои Худо ҳар навъ ҳимояти мумкинро аз мардуми мазлуми Ғазза анҷом диҳанд.

 

Барчасп