Ноябр 21, 2023 14:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳания : Ба тавофуқи оташбас наздик ҳастем

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ба тавофуқи оташбас наздик ҳастем.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер ,Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос рӯзи сешанбе дар изҳороте гуфт: Ба тавофуқи оташбас наздик шуда ва посухамонро ба бародарони қатарӣ ва воситаҳои дигар додаем.

 Пеш аз ин телевизиони режими Исроил фош кард, кабинаи ҷанги ин режим ба мақомоти зислоҳ барои имзои қарордод бо Ҳамос чароғи сабз нишон додааст.

 Ин манбаъ афзуд дар мавриди озодии 50 зиндонӣ дар Ғазза ва озодии занони фаластинӣ дар Исроил ва оташбаси 5 рӯза ҳам сӯҳбат шудааст.

 Нахуствазири Қатар рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт: Монеъаҳое дар тавофуқи табодули асирон матраҳ шуда; аммо мо мутмаинтар шудаем набард миёни нируҳои муқовимат ва ҷинояткорони саҳюнист дар ҳоле вориди чиҳилу шашумин рӯзи худ шудааст, ки бомбаборони манотиқи маскунӣ, бемористонҳо ва мадориси Ғазза аз сӯи саҳюнистҳо ҳамчунон идома дорад.

 

 

Барчасп