Январ 20, 2024 13:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба се пойгоҳи низомии режими саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе аз ҳадаф қарор додани се пойгоҳи низомии артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник; Муқовимати исломии Лубнон рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, неруҳои муқовимати Ҳизбуллоҳ таҷаммӯъи низомии ишғолгарон дар атрофи пойгоҳи «Харба моъир» ва мавозеъи низомии саҳюнистҳо миёни ду пойгоҳи «Алсамоқа» ва «Алрамсо» дар киштзорҳои ишғолии Шабъоро ҳадаф қарор дод.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳ омадааст, неруҳои муқовимат дар ҳамлаи мушакии дигар иҷтимоъи низомиёни ишғолгари саҳюнист дар «ҷабалун- назр» - ро низ ҳадаф қарор дода ва аҳдофи таъйиншуда ба таври мустақим мавриди бархурд қарор гирифтанд.

 Муқовимати исломии Лубнон дар идомаи ин баёния эълом кардааст, ки неруҳои Ҳизбуллоҳ мавозеъи низомии ишғолгарон дар теппаҳои ишғолии «Кафаршубо»-ро ҳам бо мушак ҳадаф қарор доданд ва талафоте низ ба неруҳои душмани ишғолгар ворид шуд.

 Дар ҳамин ҳол Алҷазира эълом кард: Шомгоҳи ҷумъа хонаводаҳои асирон ва ҳазорони мӯътаризи исроилӣ бо таҷаммӯъ муқобили манзили Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар шаҳри бандарии Қайсария, хостори парокандасозии кабинаи нокоромади вай ва бозгашти фаврии асирон шуданд.

 

 бештар бихонед:

 

Барчасп