Феврал 04, 2024 17:55 Asia/Dushanbe
  • Эъломи азои умумӣ дар Ироқ дар пайи ҷиноёти артиши Амрико

Дар пайи шаҳодати шуморе аз неруҳои низомӣ ва ғайринизомӣ бар асари бомбаборони ду минтақа дар Ироқ тавассути артиши режими Амрико, Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ имрӯз (якшанбе)-ро дар ин кишвар азои умумӣ эълом кард.

Эъломи азои умумӣ дар Ироқ пас аз он сӯрат гирифт, ки созмони Ал Ҳашдуш-Шаъбӣ бо интишори баёния эй эълом кард, ки бар асари таҷовузи бомдоди шанбеи Амрико ба ғарби Ироқ, 16 нафар шаҳид ва 36 нафар захмӣ шуданд.

Муҳаммад Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ

Яҳё Расул, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Ироқ бомдоди шанбе бо таъийди ҳамлаи Амрико ба ғарби Ироқ эълом кард, ин ҳамалот нақзи ҳокимияту тазъифи талоши давлати Ироқ барои барқарории суботу амният дар ин кишвар аст.

Ба гуфтаи вай дар ҳоле, ки давлати Ироқ талош дорад суботу амният дар минтақаро таъмин кунад, шаҳрҳои Ал Қоим ва манотиқи марзии Ироқу Сурия ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ ва бомбаборони ҷангандаҳои амрикоӣ қарор гирифтааст.

Давлати Ироқ дар вокуниш ба ҳамалоти Амрико ба манотиқе дар ғарби Ироқ таъкид кард, ки эътилофи байналмилалӣ аз маъмурияту ихтиёроти муҳаввал шуда ба он, фаротар рафта ва ба таҳдиде барои амнияту суботи Ироқ табдил шудааст.

Дар ҳамин росто, вазорати кишвари Ироқ низ рӯзи шанбе эълом кард, ки дар эътироз ба таҷовузи Амрико ба хоки Ироқ, кордори сафорати Амрико дар Бағдодро эҳзор кардааст.

Ҳамчунин ҳамлаи Амрико ба Ал Маёдин ва Ал Букамол дар шарқи Сурия 10 кушта ва 18 захмӣ барҷо гузошт.

Амрико муддаист, ки ин ҳамалот дар иқдоми талофиҷӯёна нисбат ба кушта шудани 3 низомии ин кишвар дар пойгоҳе дар Сурия сӯрат гирифтааст.

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико бомдоди шанбеи гузашта дар бораи ҳамалоти кишвараш ба мавозее дар Сурия ва Ироқ ба талофе ҳамла ба пойгоҳи Амрико дар Сурия ва кушта шудани се сарбози амрикоӣ ва захмӣ шудани даҳҳо нафар гуфт, ин ҳамалот идома хоҳад ёфт.

 

Барчасп