Апрел 27, 2021 13:55 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Бо шаҳодати Шаҳид Сулаймонӣ дар баробари Шаҳид Ал-Муҳандис, иртиботи доимӣ байни Эрону Ироқ шакл гирифт
    Зариф: Бо шаҳодати Шаҳид Сулаймонӣ дар баробари Шаҳид Ал-Муҳандис, иртиботи доимӣ байни Эрону Ироқ шакл гирифт

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва динии Ироқ, ин кишварро ҷилавдори мубориза бо ДИИШ дар минтақа хонд ва ба ҳимояти Эрон аз Ироқи муттаҳид ва тавоно таъкид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; Муҳаммадҷаводи Зариф, ки ба Ироқ сафар кардааст дар идомаи дидорҳои худ бо мақомоти сиёсӣ ва динии ин кишвар дар мулоқот бо раҳбарони гурӯҳҳои сиёсӣ, бар аҳамияти ваҳдати ҳамаи гурӯҳҳо ва тавоифи ироқӣ барои пешбурди аҳдофи Ироқ  таъкид ва ҷойгоҳи Ироқи ҷадид дар минтақаро бо аҳамият тавсиф кард. 

Вазири умури хориҷаи Эрон бо эъломи ҳимояти Теҳрон аз Ироқ дар мубориза бо ДИИШ изҳор кард: Ироқ ҷилавдори мубориза бо ДИИШ дар минтақа буд ва бо шаҳодати Шаҳид  Сулаймонӣ дар Ироқ ва дар канори Шаҳид Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис як иртиботи ҳамешагӣ байни ду миллати Эрон ва Ироқ шакл гирифт. 

Зариф дар муддати ҳузураш дар Бағдод бо вазири хориҷа, раисҷумҳур, раиси маҷлис ва нахуствазири ин кишвар дидор ва дар хусуси муносиботи дуҷониба ва таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард. 

Мустафо ал-Козмӣ нахуствазири Ироқ дар дидори Зариф гуфт: Нигоҳи Ироқ ба Эрон танҳо дар чорчӯби ҳамсоягӣ набуда,  балки Эрон шарики роҳбурдии Ироқ аст. 

Зариф қарор аст имрӯз низ дар сафар ба минтақаи Курдистони Ироқ бо мақомоти ин минтақа дидор кунад ва пас аз он низ ба Уммон хоҳад рафт. 
  


    Бештар бихонед:

Барчасп