Май 22, 2021 15:05 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Исроилу гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз рӯзи 10 май оғоз шуд
    Ҷанги Исроилу гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз рӯзи 10 май оғоз шуд

Пас аз 11 рӯз ҷанг ниҳоятан оташбас миёни Исроил ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ барқарор шуд .

  Ҷанги Исроилу гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз рӯзи 10 май оғоз шуд ва рӯзи 21 май низ тарафҳо бо миёнҷигарии бархе бозигарони хориҷӣ бо эҷоди оташбас мувофиқат карданд . Пурсиши муҳим ин аст, ки ин ҷанг чӣ паёмадҳое дошта аст?

Аввалин паёмади ҷанг исботи қудрати боздорандагии гурӯҳҳои муқовимати Фаластин буд . Ин ҷанг нишон дод гурӯҳҳои муқовимат аз « санг » гузар карда ва бо қудрати мушакии худ  тавони зарба задан ба артиш ва зерсохтҳои Исроилро доранд . Дар ин ҷанг гурӯҳҳои муқовимати Фаластин беш аз 4000 мӯшаку ракета дар 3 сатҳ бо бурди тулонӣ,миёнбурд ва бо бурди кӯтоҳ ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллик карданд . Нуктаи муҳим ин аст, ки дар як соъати ибтидоии шурӯи ҷанг 300 мӯшак ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллик шуда, ки 100 мушак танҳо дар 1 дақиқаи нахуст шиллик шудааст . Дар воқеъ ин ҷанг қудрати гурӯҳҳои муқовимат дар ҳавзаҳои иттилоотӣ, техникӣ, тактикӣ ва дифоъӣ  ва ҳамчунин иродаи ин гурӯҳҳо барои дифоъ аз ҳувияти ҷуғрофиёӣ, торихӣ ва мазҳабиашон ва ҳамчунин дифоъ аз фаластиниҳои сокини Қудсро собит кард .

Дувумин паёмади ҷанг ошкор шудани заъфҳои низомӣ-дифоии Исроил буд . Исроил, ки бо таблиғоти бисёр бар коромадии гунбади оҳанӣн шиор медиҳад, шоҳиди ин буд ки беш аз 85 дарсад аз мӯшакҳои гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ба ҳадаф бархурд кард . Ин мавзӯъ яке аз далилҳои пазириши оташбас аз сӯи режими Исроил аст . Дар воқеъ  тавони размӣ ва майдонии Исроил хусӯсан дар ҳавзаи дифоӣ, шомили Гунбади оҳанин, Фалохуни Довуд, Патриот ва Тов дар режими саҳюнистӣ ба шиддат коҳиш пайдо карда ва имкони идомаи ҷанг беш аз ин дар ҳавзаи низомӣ барои ин режим муяссар набуд .

Сеюмин паёмади ҷанг бурӯзи мушкилоти рӯҳӣву равонӣ барои низомиён ва шаҳрвандони сарзаминҳои ишғолӣ буд . Тӯлонӣ шудани ҷанг аз як сӯ бар рӯҳияи низомиёни Исроил ва аз сӯи дигар бар зиндагии шаҳрвандони ғайринизомии Исроил асар гузошт . Дар асари шиллики бардавоми мӯшакҳои муқовимат, зиндагии шаҳрӣ - маданӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бо мушкилҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуд . Шумори зиёди маҷрӯҳони исроилӣ сабаби бурӯзи мушкилиҳои равонӣ барои шаҳрвандон Исроил шуда буд . Беш аз 2 миллион шаҳракнишин дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ба зиндагии паноҳгоҳӣ ва хурӯҷ аз шаҳракҳо рӯй овараданд, ки тарс ва итминон надоштан ба тавоноии режими Исроил дар таъмини амнияти сокинони шаҳракҳои саҳюнистинишин омили ин вазъият буд .

Ошкор шудани заъфҳои низомӣ-дифоӣ ва ҳамчунин бурӯзи мушкилоти рӯҳиву равонӣ барои низомиёну ғайринизомиёни Исроил ба ҳамроҳи паёмадҳои иқтисодии ҷанг сабаб шуд,ки Бинямин Натаняҳу бо барқарории оташбас мувофиқат кунад . Пазириши оташбаси бидуни қайду шарт аз диди исроилиҳо ба манзалаи шикасти ин режим аз гурӯҳҳои муқовимати Фаластин буд . Бинобарин  интиқодҳо аз Натаняҳу дар сарзаминҳои ишғолӣ афзоиш ёфтааст .

Метавон гуфт чаҳорумин паёмади ин ҷанг ларзонтар шудани мавқеъияти Бинямин Натаняҳу дар сохтори қудрати Исроил буд . Дар ҳамин росто Элит Шакид-узви парлумони  режими саҳюнистӣ дар вокуниш бо тарҳи оташбаси кабинаи ин режим гуфт: Таваққуфи бидуни қайду шарти ҷанг бо Ғазза барои Исроил шармовар аст . Итмар бен Ғафир-дигар узви кинессети режими саҳюнистӣ низ оташбаси нангину залилонаи Исроилро таслим шудани хатарнок дар муқобили ҷумбиши Ҳамос донист ва гуфт : Ин оташбас шароити сахтеро барои Исроил ба вуҷуд овардааст .

 

  Бештар бихонед :

Барчасп