Май 22, 2021 16:32 Asia/Dushanbe
  • Дар ин ҳамалот 13 ҳазор хона ба таври ҷузъӣ ва мутавассит осеб дидааст
    Дар ин ҳамалот 13 ҳазор хона ба таври ҷузъӣ ва мутавассит осеб дидааст

Ҳудӯди ҳазору 450 хонаи истиқоматӣ дар ҷанги 11 рӯзаи Исроил алайҳи Борикаи Ғазза ба таври комил вайрон шудааст.

Ба гузориши телевизиони Ал Ироқия, мақомоти маҳаллии Борикаи Ғазза эълом карданд, дар пайи 11 рӯз таҷовузгарии саҳюнистҳо ва ду ҳазор бор ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Борикаи Ғазза, беш аз ҳазору  447 хонаи истиқоматӣ ба таври комил вайрон шудааст.

Ҳамчунин дар ин бомбаборонҳо13, ҳазор хона ба таври ҷузъӣ ва мутавассит осеб дидааст.

Мақомоти маҳаллии Ғазза ҳамчунин эълом карданд, режими Исроил ба таври амди ҳамаи таъсисоти зербиноӣ ва муассисоти хадамотӣ ва марокизи иқтисодиро ҳадаф қарор дода ва вайрониҳои бисёр зиёдеро дар шабакаҳои обрасонӣ ва ҷодаҳо ба бор овардааст.

Дар ҳамин ҳол, бар асари ин ҳамалоти ҳавоӣ наздик ба 120 ҳазор шаҳрванди фаластинӣ овора шудаанд.

Ҷанги Исроил ва гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз рӯзи 10 мйи оғоз шуд ва 21 май низ тарафайн бо миёнҷигарии бархе бозигарони хориҷӣ бо эҷоди оташбас мувофиқат карданд.

Дар ин ҷанг 243 фаластинӣ, аз ҷумла 69 кудак,  39зан ва 17 солхурда ба шаҳодат расиданд ва 1910 нафар низ захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп