Дидори дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва раиси дафтари сиёсии Ҳамос
(last modified Thu, 28 Mar 2024 05:22:59 GMT )
Март 28, 2024 10:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва раиси дафтари сиёсии Ҳамос

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрону раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар бораи охирин вазъияти Борикаи Ғазза ва Фаластин дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Аликбари Аҳмадиён, намояндаи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, Зиёд Ал Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳайати ҳамроҳ дар бораи охирин таҳаввулот дар борика табодули назар карданд.

Исмоил Ҳания ва Зиёд Ал Нахола аз кумакҳои давлату миллати Эрон ба мардуми мазлӯми Фаластин қадрдонӣ карда ва пуштибонии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои муқовимат роҳбурдӣ донистанд.

Исмоил Ҳания, ки рӯзи сешанбе ба Теҳрон сафар кардааст, бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ,  Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳур ва Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон низ дидору гуфтугӯ кард.