Июл 01, 2021 12:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба манораҳои интиқоли барқ ​​бӯҳрони нави ҳукумати Ироқ шудааст
    Ҳамла ба манораҳои интиқоли барқ ​​бӯҳрони нави ҳукумати Ироқ шудааст

Як манбаи амнияти Ироқ гуфт, ки хатти интиқоли барқи Кайёра-Киркук пас аз ҳамлаи террористони ДИИШ аз кор баромад.

Ба гузориши Фурот нюз, як манбаи амниятии ироқӣ имрӯз панҷшанбе эълом кард, дар пайи ҷадидтарин инфиҷори манораҳои барқ дар шимоли Салоҳиддин, хатти интиқоли барқи  Қайёра Al Qayyarah  – Киркук аз мадор хориҷ шудааст.

Ин манбаи амниятии ироқӣ эълом кард, далели ин ҳодиса баррасӣ ва сипас эълом хоҳад шуд.

Пеш аз ин хатти интиқоли барқи Диёлӣ – Бағдод аз мадор хориҷ шуда буду рӯзи гузашта низ тарҳи террористӣ барои инфиҷорҳои ҷадиди манораҳои барқ дар Диёлӣ тавассути нерӯҳои амниятии Ироқ хунсо шуда буд.

Ҳамла ба манораҳои интиқоли барқ дар манотиқи шимол ва шарқи Ироқ, хисоратҳои зиёде барҷой мегузорад ва мӯҷиби қатъи барқ барои чандин соат мешавад.

Ин ҳамалот ба буҳрони ҷадиде барои давлати Ироқ табдил шудааст; давлате ки мутаъаҳҳид шуда талоши бисёре барои таъмини кофии барқ дар фасли тобистон кунад фасле, ки дамои ҳаво дар он ба 50 дараҷаи сонтиград мерасад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп