Ноябр 07, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • Хатиби масҷиди Алақсо : Режими саҳюнистӣ ба 500 оромистони фаластиниён таъарруз кардааст

Хатиби масҷиди Алақсо гуфт: Ҳадафи режими саҳюнистӣ аз таъарруз ба 500 оромистон дар сарзаминҳои фаластинӣ нобуд кардани ҳуввияту мероси торихии мусулмонон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алқудсул-арабӣ, шайх Акрама Сабрӣ дар семинари Конгресси мардумии фаластиниҳои хориҷ бо унвони « Тахриби оромистонҳо ва қабрҳо-сиёсати Исроил барои яҳудисозӣ » таъкид кард ، режими ишғолгар дар ҳоли ҳозир қабристони Юсуфия, ҳамҷавори масҷиди Алақсоро мавриди ҳамла қарор дода аст, то онҷоро ба як бӯстони тавротӣ табдил кунад, осори мусулмононро маҳв кардаву устухонҳои мурдагонро пароканда кунад .

Шайх Сабрӣ таъкид кард: Қабристонҳо вуҷӯди фаластиниёнро дар тӯли таърих собит мекунад ва санаде алайҳи ишғолгарии Исроил аст . Ончи ишғолгарон анҷом медиҳанд ҳамлаи ошкор ба қабристонҳои мусулмонон аст, зеро дар он бақоёи пайкари асҳоб, уламо, раҳбарону мақомот дар тӯли таърих вуҷӯд дорад.

Сабрӣ афзуд: Ҳамчунон мусулмонон дар ин қабристонҳо дафн мешаванд, аммо ишғолгарон дар талош ҳастанд, то осори онҳоро аз байн бибаранд .
Хатиби масҷиди Алақсо таъкид кард: Агар мусулмоне ба як қабри яҳӯдӣ таъарруз мекард, дунё қиём мекарду сокит наме нишаст, аммо яҳудиён дар сукути комили ҷавомеъи байналмилалӣ ба беҳурматии қабристонҳои мусулмонон иқдом мекунанд .

Расонаҳои хабарӣ эълом карданд режими саҳюнистӣ дар талош аст то оромистони мусулмонон дар шарқи масҷиди Алақсоро тахриб кунад . Хокбардориҳои режими саҳюнистӣ дар бахши шимолии оромистони Юсуфия боис шуда, ки қабрҳои теъдоде аз шуҳадои фаластинӣ тахриб шавад ва ин масаъла хашми мардуми шаҳри Қудсро барангехтааст .Ҳадаф аз тахриби қубӯр сохти фазои сабзи тавротӣ ва саккуҳои пилаконии наздики кӯҳпояи « Ҷабал Алзайтун » ( шарқи Қудс )аст .

 

Барчасп