Май 05, 2022 17:48 Asia/Dushanbe
  • Панҷҳазорбор нақзи оташбаси муваққат аз сӯи эътилофи Саъудӣ дар Яман дар як моҳ
    Панҷҳазорбор нақзи оташбаси муваққат аз сӯи эътилофи Саъудӣ дар Яман дар як моҳ

Давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, эътилофи Саъудӣ аз замони барқарории оташбаси муваққат то кунун панҷаҳзор бор онро нақз карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Сабо, давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, эътилофи Саъудӣ дар ин як моҳ аз замони барқарории оташбаси мувақат панҷҳазору 365 бор онро нақз карда аст.

Ба асоси ин гузориш ин нақзи оташбас шомили амалиёти ҳуҷумӣ, талош барои нуфуз, ҳамалоти ҳавоӣ, парвози ҷангандаҳои опочи, парвозҳои ҷосусӣ, ҳамалоти мушакӣ ва тупхонаӣ ва низ тирандози бо силоҳҳои мухталиф буда аст.

Бин бар эъломи давлати наҷоти миллии Яман, эътилофи Саъудӣ ҳамчунон ба дуздии дарёӣ ва муҳосираи Яман идома медиҳад ва аз вуруди киштиҳои ҳомили нафтӣ ва парвоз ба фурудгоҳи Санъо пешгири мекунад.

Ҳамчунин нақзи густардаи оташбас аз сӯи эътилофи Саъудӣ мунҷар ба кушта ва маҷруҳ шудани теъдоди ғайри низомӣ ва ворид шудани осиб ба мараъҳо ва макони истиқоматии онҳо шуда аст.

Таҳлилгарон ва манобеъи огоҳ мегуяд, ки пойбанд набудани комили эътилофи Саъудӣ ба таъаҳудот ва тахири Созмони Милал дар ҳалли мушкилоти иблоғшудаи Санъоро ба ин натиҷа расонд, ки тарафи муқобил дар барқарории оташбас ҷидият надорад.

Дар ҳамин иртибот Маҳди Алмашот, раиси шӯрои олии сиёсии Яман ахиран таъкид кард, кишварҳои мутаҷовиз дар барқарории ҳар иқдоме, ки ба мувафақияти оташбас мунтаҳи шавад монеътароши мекунад ва дар ҳеҷ як аз бандҳои он пешрафти ҳосил нашуда аст.

 

Барчасп