Июл 13, 2022 09:07 Asia/Dushanbe
  • Ба таъхир уфтодани тасвиби нақшаи нави шаҳраксозӣ дар заминхои ишғолӣ

Тасдиқи нақшаи бунёди чанд ҳазор воҳиди аҳолинишин дар заминҳои ишғолшуда ба далели сафари раиси ҷумҳури Амрико ба ин минтақаҳо ба таъхир афтод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабари рӯзи чаҳоршанбеи шабакаи Алҷазира, Илит Шакид, вазири умури дохилии режими саҳюнистӣ гуфт: Тарҳи сохти шаҳракҳо, ки ба далели сафари  Ҷо Байден-раиси ҷумҳури Амрико ба таъхир афтода буд, ҳафтаи оянда барои тасвиб ироа хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, ин шаҳрак 2000 воҳиди нав барои яҳудиён дар Байтулмуқаддаси ишғолшударо дар бар мегирад.

Бар асоси ин гузориш бархе аз таҳлилгарон муътақиданд, ки ин иқдом ба манзури раҳоии режими саҳюнистӣ аз фишори ниҳодҳои ҳуқуқи башар барои заъиф кардани ҳуқуқи поймолшудаи мардуми Фаластин сурат мегирад.

Рӯзномаи Раъй Алявм дар гузорише дар бораи сафари раиси ҷумҳури Амрико ба минтақа навиштааст: Байден ба далели қазияи Фаластин ва ҳатто эҳёи амалиёти сулҳи мурда ба минтақа сафар намекунад, аммо ҳадафаш ҳимоят аз амнияти саҳюнистҳост  ва мустахкам намудани он ва барпо намудани НАТО-и арабӣ бо раёсати ишғолгарони саҳюнистӣ мебошад

Солҳои ахир раванди бунёди воҳидҳои истиқоматӣ барои саҳюнистҳо дар Байтулмуқаддаси ишғолшуда ба суръат афзоиш ёфтааст; дар ҳоле ки бархе аз кишварҳои арабӣ дар баробари ин амали ғайриинсонии саҳюнистҳо ва ҳатто гоҳе бо иқдомоти худ, амалкарди мақомоти  саҳюнистиро тасдиқ кардаанд.

 

Барчасп