Октябр 15, 2022 14:37 Asia/Dushanbe
  • Наим Қосим: Муқовимат шарифтарин унвони ваҳдат аст

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Муқовимат дар баробари душмани саҳюнистӣ шарифтарин унвони ваҳдат аст.

Ба гузориши рӯзи шанбеи сайти Аннашра ,шайх Наим Қосим-муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар конфаронси ваҳдати исломӣ дар шаҳри Сайдо дар ҷануби Лубнон бо баёни ин ки муқовимат дар ин кишвар миёни мусулмону масеҳӣ тафовуте қоил нест, таъкид кард шарифтарин унвони ваҳдати ҳақиқӣ аст .
Наим Қосим ҳамчунин ба мавзеи якпорчаи артиш,мардум ва муқовимати Лубнон дар хусӯси тавофуқи тарсими марзҳои баҳрии байни Лубнону Фаластини ишғолӣ ишора кард ва ин тавофуқро боаҳамият донист .
Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тамоми аҳзоби сиёсии Лубнонро ба баҳс ва гуфтугу дар хусӯси вижагиҳои раиси ҷумҳӯри ояндаи ин кишвар даъват кард .
Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо таъкид бар инки ҳеҷ кас бо ба чолиш кашидани дигарон ва иқдомоти таҳрикомез наметавонад ба раёсати ҷумҳурии Лубнон бирасад ; ҳатто агар тамоми дунё аз ӯ ҳимоят кунад, гуфт : Мо дар Лубнон бояд  дунбол ёфтани иштирокот бошем, то раиси ҷумҳуриро интихоб кунем ки аз кишварҳои хориҷӣ  пайравӣ накунад .
Набӣ Беррӣ-раиси маҷлиси Лубнон панҷшанбеи гузашта ба далели ба ҳадди нисоб нарасидан, ҷаласаи интихоби раиси ҷумҳӯрро ба 20 октябр ( панҷшанбеи ҳафтаи ҷорӣ ) вогузор кард .
Раиси маҷлиси Лубнон ҳамчунин ташкили ҷаласа барои интихоби камиссиюнҳои маҷлисро дар 18 октябр хостор шуд .
Дар 29 сентябри гузашта низ маҷлиси Лубнон пас аз он ки  ҳеҷ номзаде натавонист аз 3 ду ҳиссаи орои намояндагонро ба даст оварад, натавонист раиси ҷумҳӯрро интихоб кунад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп