Декабр 15, 2022 13:33 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ: Эътилофи мутаҷовиз ба дуздии киштиҳои нафтӣ идома медиҳад

Сухангуи ширкати нафти Яман аз тавқифи ду киштии ҳомили сӯхти дигари ин кишвар тавассути Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ хабар дод.

Арабистони Саудӣ бо ҳадафи ғорати нафт ва сарвати Яман аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба ин кишвар ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии Яман кардааст. Мардуми Яман дар устонҳои мухталиф аз камбуди муштақоти нафтӣ ранҷ мебаранд ва ин дар ҳоле аст, ки ҳазорон тонн нафти хоми Яман тавассути эътилофи мутаҷовиз ба сирқат меравад.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Ал Олам , Асом Ал мутаваккал, сухангӯи ширкати нафти Яман эълом кард, Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, асри рӯзи чаҳоршанбе ду киштии ҳомили сӯхти Яманро тавқиф карда ва монеъи вуруди онҳо ба бандари Ал Ҳудайда шудааст.

Вай гуфт, эътилофи мутаҷовиз ба дуздии дарёии киштиҳои ҳомили муштақоти нафтӣ идома медиҳад ва киштии ҳомили бензин ва киштии ҳомили саляркаро бо вуҷӯди моҳияти башардӯстона ва касби муҷаввизҳои вуруд аз Созмони Милали Муттаҳид тавқиф кардааст.

Сухангӯи ширкати нафти Яман тасреҳ кард, Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ва Созмони милал масъӯли тадовуми дуздии дарёӣ аз киштиҳои ҳомили муштақоту тавлидоти нафтӣ, тавқифи онҳо ва таъйини ҷаримаҳои молӣ барои онҳо ҳастанду мардуми Яман дарду ранҷи ношӣ аз ин иқдомро мутаҳаммил мешаванд.

Пештар низ Меҳдӣ Ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман ба Эътилофи саъудӣ дар бораи идомаи тавқифи киштиҳои ҳомили сӯхт, ки нақзи сариҳи оташбас аст, ҳушдор дода буд.

 

Барчасп