Феврал 05, 2023 12:22 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саъудӣ 85 бор оташбаси Алҳудайдаи Яманро нақз кард
    Эътилофи саъудӣ 85 бор оташбаси Алҳудайдаи Яманро нақз кард

Эътилофи саъудӣ дар шабонарузи гузашта устони Алҳудайдаи Яманро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ, мушаки ва тупхонаи қарор дод ва 85 бор оташбаси иддаоӣ дар ин устонро нақз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алмасира, утоқи амалиёти артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар устони Алҳудайда ғарби Яман эълом кард, ҳамалоти ракетии эътилофи саъудӣ дар минтақаҳои мухталиф аз устони Алҳудайда идома дошта аст ва воҳидҳои тупхонаӣ эътилофи саъудӣ низ манотиқеро дар шаҳристони Ҳайс ҳадаф қарор доданд.

Дар ин гузориш омада аст паҳподҳои шиносоӣ ва мусаллаҳи эътилофи саъудӣ дар 11 навбат манотиқи дар Ҳайс ва Ҷабалияро ҳадаф қарор доданд.

Пештар Ҷалол Алравишон, муъовини дифоъӣ ва амниятии нахуствазири Яман гуфта буд, ки вазъият насулҳ наҷанг як таҳдид аст ва такияи мо бар иттиҳоди миллат ва масъулон аст.

Ҳамчунин Маҳдии Алмашот, раиси шурои олии сиёсии Яман гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақзи мукарари он тавассути эътилофи саъудӣ тақрибан аз байн рафта аст.

Барчасп