Феврал 22, 2023 12:12 Asia/Dushanbe
  • Мақоми беҳдошти яманӣ: Дармони паёмадҳои рӯҳии ҳамла ба Яман 20 сол замон хоҳад бурд

Муовини вазарти беҳдошти Давлати наҷоти миллии Яман гуфт, 20 сол тӯл мекашд то захмҳои ношӣ аз паёмадҳои рӯҳӣ -равонӣ ва беҳдоштии муҳосира ва ҳамла ба Яман дармон шавад.

Ба гузориш шабакаи "Ал Масира", Наҷиб Ал Қаботи, муовини бахши ҷамъият дар вазорати беҳдошти Давлати наҷоти миллии Яман дар суханоне изҳор кард,10 миллион кӯдаки яманӣ дар даврони бомбаборон ва муҳосираи Яман аз соли 2015 мутаваллид ва бузург шуданд.

Мутаҳҳар Ал Дарвеш, раиси Кумитаи пизишкии олии Яман низ гуфт, шумори бемориҳои саратонӣ ва диёбет дар Яман дар тӯли солҳои муҳосира ва ҳамла ба Яман аз стандартҳои ҷаҳонӣ гузаштааст ва ин дар ҳолест, ки Эътилофи мутаҷовиз ҳамчунон аз вуруди кадри пизишкӣ барои кумак ба беморон ҷилавгирӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки вазорати беҳдошти Давлати наҷоти миллии Яман ахиран дар нишасте эълом кард, дар тули ҳаштсоли таҷовуз ва муҳосираи Яман шумори осебдидагони ғайринизомӣ ба 47 ҳазору 81 нафар расидааст. 162 маркази беҳдошт ба таври комил ва 375 марказ ба таври ҷузъи тахриб шуда ва дар ин муддат, 66 нафар аз кормандони пизишкӣ низ ба далели бомбаборони мустақим Эътилофи мутаҷовиз кушта шуданд.

 

Барчасп