Март 02, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҷаваони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Ҷурдан
    Шаҳодати ҷаваони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Ҷурдан

Вазорати беҳдошти Фаластин аз шаҳодати як ҷавони фаластинӣ ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист дар Каронаи Бохтарии руди Ҷурдан хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл  аз вебгоҳи Шаҳоб Нюз, Вазорати беҳдошти Фаластин чаҳоршанбе шаб эълом кард, Маҳмудҷамол Ҳасани Ҳамадон (22 сола) дар натиҷаи исобати гулулаи низомиёни саҳюнист дар ҷараёни юриш ба урдугоҳи "Ақабат Ҷабр" дар Ҷериҳо воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расид.

Ҳамадон дар ҷараёни юриши низомиёни саҳюнист ба урдугоҳи Ақабат Ҷабр ба шиддат захмӣ шуда буд.

Манобеъи маҳалӣ гузориш доданд, нерӯҳои вижаи артиши режими саҳюнистӣ бо пуштибонии худравҳои низомии артиш ба урдугоҳи Ақабат Ҷабр юриш бурданд. 

Барчасп