Март 05, 2023 12:51 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти эътилофи саъудӣ ба Алҳудайдаи Яман
    Идомаи ҳамалоти эътилофи саъудӣ ба Алҳудайдаи Яман

Эътилофи саъудӣ дар шабонарузи гузашта устони Алҳудайдаи Яманро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ, мушакӣ ва тупхонаи қарор дод ва 52 бор оташбаси иддаои дар ин устонро нақз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, утоқи амалиёти артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар устони Алҳудайда эълом кард, ҳавопаймоҳои шиносоӣ ва мусаллаҳи эътилофи саъудӣ дар панҷ навбат манотиқеро дар Ҳайс ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш ҳамалоти рокетии эътилофи саъудӣ дар минтақаҳои мухталиф аз устони Алҳудайда идома дошта аст ва воҳидҳои тупхонаи эътилофи саъудӣ манотиқи дар ин устонро ҳадаф қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш тупхонаи артиши саъудӣ манотиқи дар шаҳристони марзии Манба воқеъ дар устони Саъда дар шимоли Яманро ҳадаф қарор доданд.

Пештар Ҷалол Алравишон муовини дифоъӣ ва амниятии нахуствазири Яман гуфта буд, ки вазъияти на сулҳ ва на ҷанг як таҳдид аст ва такияи мо бар иттиҳоди миллат ва масъулон аст.

Барчасп