Апрел 08, 2023 18:43 Asia/Dushanbe
  • Сафари гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии дин ба Тоҷикистон

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури озодии дин ва эътиқод ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба навиштаи сомонаи Азия Плюс, Нозила Ғанӣ, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури озодии дин ва эътиқод, барои арзёбии вазъияти риояти ҳуқуқи гурӯҳҳои динӣу ва ақаллиятҳои мазҳабӣ, баробарии ҷинсӣ ва ҳуқуқи кӯдакон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Аз 11 то 21-уми апрели соли 2023 Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури озодии дин ва эътиқод Нозила Ғанӣ аз Тоҷикистон дидан карда, вазъи озодии дину эътиқодро дар кишвар меомӯзад.

Ба навиштаи манбаъ, “Вай инчунин, ҳама гуна кӯшишҳоро барои мусоидат ва нигоҳдории ҳамзистии осоиштаи ҷомеаҳои гуногуни динӣ ҳангоми мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм арзёбӣ мекунад”,

Ӯ дар ҷараёни боздид, бо ниҳодҳои динии давлатӣ, намояндагони ҷомеаҳои динӣ ва мазҳабӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва СММ мулоқот хоҳад кард.

Дар назар аст, ки Нозила Ғанӣ аз шаҳрҳои Хоруғ ва Хуҷанд низ боздид намояд.

 

Барчасп