Август 08, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари динии арманиҳо беҳурматӣ ба Қуръони каримро маҳкӯм кард

Раҳбари динии ароманаи Арманистон беҳурматӣ ба Қуръони карим дар Шветсияву Данияро ба шиддат маҳкӯм кард.

Панҷшанбеи 20 июл барои дуюмин бор зарф чанд ҳафтаи ахир Селвон Момико-шаҳрванди ироқӣветсиявӣ бо ҳимояти полиси Шветсия иқдом ба иҳонат ба Қуръони карим кард ; иқдоми ҳаттокона, ки вокуниши кишварҳои мусулмонро ба ҳамроҳ дошт .
Пас аз он як гуруҳи рости ифротӣ дар Дания низ як рӯз баъд нусхае аз Қуръонро муқобили сафорати Ироқ дар Копенгаген сӯзонд.
Беҳурматӣ ба Қуръони карим дар Шветсияву Дания вокуниши тунди ҷаҳони Исломро ба ҳамроҳ дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷатлик Гаргин II-раҳбари динии ароманаи Арманистон рӯзи душанбе дар дидор бо Маҳдии Субҳонӣ-сафири Эрон дар он кишвар бо ишора ба собиқаи килисои арманӣ дар маҳкӯмияти қотеъи иҳонат ба муқаддасоти исломӣ ва баёнияҳое, ки килисои арманӣ то кунун дар хусӯси беэҳтиромӣ ба муқаддасоти исломӣ мунташир карда, бори дигар бар мавзеи остони қудси "Эчмиадзин"дар маҳкӯмияти иҳонат ба муқаддасоти исломӣ таъкид кард .
Дар ин дидор, ки усқуф Сабуа Саркисиян- халифаи арманиҳои Теҳрон ва усқуф Вазген Мирзохониён аз мақомоти килисои "Эчмиадзин" низ ҳузур доштанд, раҳбарони динии аромана аз тавваҷуҳу инояти мушфиқонаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва давлати Ҷумҳурии исломӣ нисбат ба ҷомеъаи арманӣ дар Эрон қадрдонӣ карданд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп