Ҷазби 320 ҳазор донишҷӯи байналмилалӣ дар Эрон бо ҳадафи иртиқои қудрати илмии ҷаҳони Ислом
(last modified 2024-07-08T06:31:00+00:00 )
Июл 08, 2024 11:31 Asia/Dushanbe
  • Созмони умури донишҷӯёни Эрон
    Созмони умури донишҷӯёни Эрон

Порстудей. Раиси Созмони умури донишҷӯёни Эрон бо ишора ба барномаи Эрон барои ҷазби 320 ҳазор донишҷӯи байналмилалӣ гуфт, бояд талош кард ҷаҳони Ислом ба қудрати илмӣ ва бартар дар ҷаҳон даст ёбад.

Пешрафтҳои илмӣ Эронро дар минтақаи Ғарби Осиё саромад кардааст ва дар ҷаҳон низ кишварҳои султагари ғарбӣ ба ин бовар расидаанд, ки бо вуҷуди ҳамаи таҳримҳову душманиҳо, Эрон масири пешрафтро ба суръат тай мекунад.

Ба гузориши “Порстудей”, Ҳошими Додошпур, раиси Созмони умури донишҷӯёни Эрон бо ишора ба ин ки бар асоси барномаи ҳафтуми тавсеа, Эрон бояд ба ҷазби 320 ҳазор донишҷӯи байналмилалӣ даст ёбад, изҳор дошт: Талоши музоафе бояд анҷом шавад, зеро ҷомеаи ҳадафи мо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Бинобарин ҳар яки донишҷӯён метавонанд дар ин ҷазб ба мо кумак кунанд.

Додошпур, ки дар маросими ифтитоҳияи сеюмин давраи омӯзишӣ - фарҳангии донишҷӯёни байналмилалӣ дар Донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Теҳрон суханронӣ мекард, афзуд: Созмони умури донишҷӯёни Эрон дар барномаҳои гуногун ҷомеаи ҳадафи худро ба гунае интихоб кардааст то ҳамаи салиқаҳоро дар бар гираду тамомии донишҷӯён бо ҳар нигариш битавонанд дар он ширкат кунанд.

Раиси Созмони умури донишҷӯёни Эрон гуфт, ҷаҳони Ислом бо чолишҳои бисёре мувоҷеҳ аст, ки бояд огоҳона ба онҳо бингарем ва дар ростои рафъи онҳо ба по хезем. Дар ҳақиқат донишҷӯён дар даврони таҳсил бояд ба се меҳвари талош барои зиндагии хуб, кумак ба беҳбуди шароити кишвар ва талош барои бозтаърифи ҷойгоҳи ҷаҳони Ислом дар дунё тавваҷуҳи вижа дошта бошанд.

Додошпур таъкид кард, Эрон аз ҷиҳати қудрати илмӣ дар сатҳи ҷаҳон ҷойгоҳи худро тасбит кардааст, аммо бархе кишварҳо ҳанӯз натавонистаанд ин ҷойгоҳро ба даст оваранд, бинобарин бояд донишҷӯён дар ин масир гом бардоранду ҷаҳони Исломро ба қудрати худ бозгардонанд.

 

Барчасп