Июл 15, 2024 18:51 Asia/Dushanbe
  • Мусулмонон, қудрати муассир ва созанда дар арсаи сиёсати Британия

Порс тудей - Раиси Комиссияи исломии ҳуқуқи башари Лондон, мусулмононро қудрати муассир дар саҳнаи сиёсии Британия унвон кард.

Таърихи вуруди мусулмонон ба Британия ба беш аз як қарни гузашта боз мегардад ва дар ҳоли ҳозир ҷамъияти мусулмонон дар ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба арқом ва омори мавҷӯд, ҳудӯди чаҳор миллион нафар аст.

Ба гузориши Порс тудей, Масъӯди Шаҷара, раиси Комиссияи исломии ҳуқуқи башари Лондон бо ишора ба таъсири орои мусулмонон дар натиҷаи интихоботи саросарии ахири Британия гуфт, ин зарфият ба унвони як қудрати муассир дар саҳнаи сиёсии Британия бояд барои таъсири ҳаддиаксарӣ, сомондиҳӣ шавад.

Шаҷара афзуд, ҳазфи теъдоде аз намояндагони Ҳизби коргари Британия бар асари норизоятии мусулмонон дар интихоботи ахир, фасли ҷадидеро дар саҳнаи сиёсии ин кишвар рақам зад.

Вай ҳамчунин бо таъкид бар роҳандозии ташкилоте монанди Маҷлиси мусулмонони Британия гуфт, бар ин асос ҷавомеи исломӣ дар як чорчӯби мушаххас “авлавиятҳои худро таъйин ва ба ҷомеъа ироа мекунанд”.

Ҳизби коргари Британия дар интихоботи саросарии чаҳоруми июл бо касби аксарияти қотеъи курсиҳои Маҷлиси авом, суккони давлатро ба муддати панҷ сол дар ихтиёр гирифт.

Ин ҳизб дар шароите пирӯзи интихобот шуд, ки мардуми Британия дар эътироз ба вазъияти бади иқтисодӣ, гаронӣ, ҳимоят аз режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва на лузӯман тарафдорӣ аз сиёсатҳои Ҳизби коргар, пои сандӯқҳои раъй ҳозир шуда ва ба 14 сол ҳукуматдории муҳофизакорон поён доданд.

 

Барчасп