Таҷрубаи зоирони рӯсӣ ва орзӯи ҷомондагони пиёдаравии Арбайин
(last modified Thu, 05 Sep 2024 07:03:32 GMT )
Сентябр 05, 2024 12:03 Asia/Dushanbe

Бо поёни моҳи сафар , охирин корвонҳои рӯсӣ ки роҳии масири пиёдаравии Арбайин ва зиёрати Наҷафи ашраф ва Карбалои муъалло шуда буданд , ба ин кишвар бозгаштанд ва таҷрубиёти худ аз ин сафари маънавиро бозгӯ карданд .

Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ; Ҳамзамон бо поёни моҳи сафар ва солрӯзи шаҳодати имоми Раъуф , ҳазрати Алӣ ибни Мӯсарризо ( а ) охирин корвонҳое, ки аз шаҳрҳо ва манотиқи мухталифи Русия , ба вижа аз Ҷумҳуриҳои мусулмоннишини ин кишвар , барои ширкат дар пиёдаравии Арбайин , аз тариқи хоки Эрон роҳии Ироқ шуда буданд , дар бозгашт аз ин сафари маънавӣ , дарбораи таҷрибиёти худ аз ин сафар гуфтанд .