Беҳтарин мерос барои фарзандон ; 6 ҳадис аз хонадони паёмбар дар бораи адаб
Порс Тудей - Имом Боқир (а) фармӯд : Сукути инсони боадаб дар даргоҳи иллоҳӣ бартар аз тасбеҳ гуфтани нодонаст .
Имом Содиқ (а) Имоми шашум аз хонадони паёмбари ислом мефармоед : Падарам маро ба се нукта адаб кард . Фармуд : Ҳаркас бо рафиқи бад ҳамнишинӣ кунад , солим намемонад ва ҳаркас, ки муроқиб ва муқайяд ба гуфтораш набошад пушаймон мегардад ва ҳаркас ба ҷоҳои бад , рафту омад кунад , муттаҳам мешавад.
Дар таърифҳои ироа шуда аз адаб , гурӯҳе адабро ахлоқи дониста ва онро ҳусни ахлоқ таъриф кардаанд . Аммо бо таъаммул дар ин вожа дар меёбем, ки адаб бо ахлоқ , тафовут дорад . Дар ин робита Шайх Табарсӣ ба чанд тафовути миёни ахлоқу адаб ишора карда ва мегӯяд :
1ـахлоқ аз масоили марбӯт ба рӯҳи инсонӣ баҳс мекунад вале одоб марбӯт ба афъоли баданаст .
2ـ масоили ахлоқӣ ҳамеша ва дар тӯли замон собит бӯда ва тағйир дар онҳо роҳ надорад вале одоб дар замонҳои мухталифи мутағайир ва мутафовитанд.
3ـ масоили ахлоқӣ аз назари макон низ субот дошта ва дар ҳар шаҳрӣ ва ҳар кишварӣ яксон мебошанд аммо одоб дар шаҳрҳо ва кишварҳои мухталиф тағйир намуда ва одоби ҳар минтақаи махсӯси ҳамон макон аст .
Дар ин матлаб аз маҷаллаи Порс Тудей нигоҳе шудааст ба 6 сухани арзишманд дар ҳавзаи адаб аз имомони хонадони паёмбари ислом :
1 - Адаб чист
Аз Имом Ҳусайн (а) савол шуд : Адаб чист ? Имом фармӯд : Адаб онаст, ки аз хонаи худ ки берун мерави , бо ҳеҷ кас бархурд накуни ҷуз онки ӯро бартару беҳтар аз худ бубинӣ.
2 - Маҳбӯбият назди хонадони паёмбар
Имом Содиқ (а) фармӯд : Мо аз пайравони худ касеро, ки оқил , фаҳмида , огоҳ , бурдбор , боадаб , созгор , сабур ва ростгӯ бошад дӯст дорем .
3 - Адаб болотар аз ҳасбу насаб
Имом Алӣ (а) фармӯд : Адаб инсонро аз ҳасбу насаб бениёз мекунад . ( Яъне худаш моя шарофат аст ) .
4 - Беҳтарин ирс барои фарзанд
Имом Содиқ (а) фармӯд : Беҳтарин чизе ки падарон барои фарзандони худ ба ирс мегузоранд , адаб аст на мол , зеро мол аз байн мераваду адаб боқӣ мемонад .
5 - Боадаб арзишмандтар аз обиди нодон
Имом Боқир (а) фармӯд : Сукути инсони боадаб дар даргоҳи иллоҳӣ бартар аз тасбеҳи гуфтани нодонаст .
6 - Ҳаддиақали адаб
Имом Аскарӣ (а) фармӯд : Дар адаби худат ҳамин кофӣ аст, ки аз ончӣ аз дигарон намеписандӣ иҷтиноб кунӣ .