Алавиён чӣ касоне ҳастанд?
(last modified Thu, 02 Jan 2025 06:32:05 GMT )
Январ 02, 2025 11:32 Asia/Dushanbe
  • Алавиён чӣ касоне ҳастанд?
    Алавиён чӣ касоне ҳастанд?

Порс Тудей - Ғарби Осиё минтақаӣ бо таърих ва фарҳангӣ ғаннӣ,ҳамвора маҳалӣ талофии тамаддунҳо ва адёни мухталиф будааст. Дар ин миён, Алавиён яке аз ақалиятҳои мазҳабии муҳим, нақши вижаӣ дар таърихи ин минтақа ба вижа кишвари Сурия ифо кардаанд

Ба гузориши Порс Тудей, ахиран клипҳое дар фазои интернет дар Сурия мунташир шудааст, ки гурӯҳҳои террористӣ ва афроди мусалаҳ ба озори бархе суриҳо ва хонаводаҳояшон мепардозанд ва онҳоро Насирӣ ё Алавӣ хитоб мекунанд. Аммо Алавиҳо чӣ касоне ҳастанд ва чӣ боварҳое доранд.

Алавиён, ки ба унвони "Насирия" низ шинохта мешаванд, аз муҳибони аҳлубайти Паёмбари ислом ба шумор мераванд ва решаҳои таърихии онҳо ба қарни 12 мелодӣ бар мегарадад. Ин гурӯҳ ба вижа дар манотиқи кӯҳистонии Сурия, аз ҷумла дар устони ЛОзқия. сокин ҳастанд. Алавиён ба унвони як ақалияти мазҳаюи дар сурия. дар тули таърих бо чолишҳоли зиёде мувоҷеҳ шудаанд.

Торихча ва нақши иҷтимоӣ ва сиёсӣ:

Алавиён дар тӯли таърих ағалаб бо табъизҳои мазҳабӣ мувоҷеҳ буданд. Дар давраи усмонӣ ва ҳато пеш аз он, ба далели тафовутҳои мазҳабиашон, ҳадафи саркуб қарор мегирифтанд. Бо ин ҳол, дар давраи муъосир, ба вижа аз руи кор омадани ҳизби Баъс ва " Ҳофизи Асад" дар Сурия, мавқеъияти сиёсӣ иҷтимоии онон беҳбӯд ёфт.

Ақоид:

Алавиён иродати вижае ба Имом Алӣ (а) , васӣ ва ҷонишинӣ Паёмбари гиромии Ислом доранд.

Аз дидгоҳи Алавиён, алавигарӣ чаҳор дарвозаи маънавӣ дорад, ки ба тартиб аз ин қароранд:

  • Шариъат
  •  Тариқат
  • Маърифат
  • Ҳақиқат

Дар маслаки Алавиён ҳамчунин эҳтиром ба хонавода ва зан аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Аз дидгоҳи Алавиён панҷ гуноҳи бузург вуҷӯд дорад ,ки иборатанд: 

  • Куштани як инсон
  • Зино
  • Талоқи зан
  • Ҳаққунос
  • Дузди

Нигоҳи Алавиён ба мусиқӣ:

Алавиён дар тамоми замонҳо, чӣ замоне, ки қудрат доштанд ва чӣ ғайри он, бо мусқӣ робитаи хуби доштанд ҳатто баъзе аз раҳбаронашон низ соз навохта ва овоз мехонанд.

 

Ҷуғрофиё:

Алавиён дар нуқоти мухталифи ҷаҳони Ислом парокандаанд, аммо бештар дар кишварҳои Сурия, Туркия, Ироқ, Лубнон ва бархе манотиқи дигари минтақаи Ғарби Осиё ҳузур доранд.