Ба кадом асар Инҷили аҳлубайт (а) мегӯянд?
(last modified Thu, 27 Feb 2025 07:19:53 GMT )
Феврал 27, 2025 12:19 Asia/Dushanbe
  • Ба кадом асар Инҷили аҳлубайт (а) мегӯянд?
    Ба кадом асар Инҷили аҳлубайт (а) мегӯянд?

Порс тудей- Саҳифаи Саҷҷодия яке аз мактути Имом Саҷҷод (а) аз наводагони Паёмбари Ислом аст, ки дар миёни уламо ва бузургон ба «Хоҳари Қуръон»، «Инҷили аҳулубайт (а)» ва «Зевари оли Муҳаммад (с)» машҳӯр аст.

Китоби Саҳифаи Саҷҷодия, маҷмуъае аз дуъоҳо ва муноҷоти мансуб ба Имом Саҷҷод фарзанди Имом Ҳусайн аст. Саҳифаи Саҷҷодия маҷмуъае аз 54 дуъо ва ниёиш аст, ки Имом Саҷҷод имло карда ва Имом Боқир (а) ва бародараш   «Зайд бини Алӣ» онро дар ду нусха навиштаанд. Дар ин матлаб аз Порс тудей, нигоҳе ба ин китоб андохта шудааст.

Имом Саҷҷод, ки ба Имом Зайналобиддин ҳам  шуҳрат дорад, зодаи 5-уми шаъбони соли 38 ҳиҷрии қамарӣ аст. Имом Саҷҷод (а) дар воқеъаи Карбало, ки падарашон Имом Ҳусейн ва дигар наводагони Паёмбари Ислом ба шаҳодат расиданд, ҳузӯр дошт вале ба иллати беморӣ, дар ҷанг ширкат накард. Ҳазрати Саҷҷод дар даврони имоматаш, ки 34 сола буд, гуфтумоне дар дуъо ва маънавият ва ҳуқуқи бано нитҳод, ки бар хилофи хости душманон, ёду номи Паёмабри Ислом ва аҳлубайти ишон зинда шуд.

Саҳифаи Саҷҷодия ба унвони меъроси гаронсанги мактаби аҳлубайт (а), ба баёни Имом Хумайни (раҳ)" Зевари оли Муҳаммад" аст. Ин китоб агарчӣ дар мавзӯъи дуъо ва ниёиш аст, вале шомили бисёре аз улум ва маъорифи исломӣ ва ирфонӣ, қавонину аҳкоми шаръӣ ва масоили ҳассоси сиёсӣ, иҷтимоӣ, тарбиятӣ ва ахлоқӣ аст, ки Имом Саҷҷод дар шаклу қолаби дуъо ба онҳо ишора кардааст.

Дуъо дар пешомадҳои нохушоянд ва ҳангоми ғаму андӯҳ, дуъо дар талаби ҳоҷат аз Худо, дуъо дар бораи падару модар, дуъо дар бораи фарзанд, дуъо дар бораи марздорон, дуъо дар бораи ҳамсоягон ва дӯстонаш, дуъо ҳангоми дархости борон пас аз қаҳти ва хушксолшӣ, дуъои дур кардани найранги дӯшман, аз ҷумлаи дуъоҳое аст, ки дар Саҳифаи Саҷҷодия омадааст.

Саҳифаи Саҷҷодия ба забонҳои мухталиф монанди форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, инданезияӣ, туркӣ, исапанияӣ, партугалияӣ,  олбониёӣ ва ғайра тарҷума шуда , ки линки тарҷумаи англисии ин китоб дар зер омадааст