Эҳтиром ба табиат дар Ислом; Нигоҳе ба омӯзаҳои қуръонӣ ва ривоӣ
Порс тудей- Қуръон бо нигоҳи хосс ва эҳтиромомезе, ки ҳамвора ба неъматҳои табии Худованд дорад, дар бораи чигунагии рафтор бо табиат тавсияҳое ба инсонҳо кардааст.
Худованд дар Қуръони карим инсонро ба унвони «халифаи Аллоҳ» муаррифӣ мекунад (Бақара:30), аммо ин ҷойгоҳ, масъулияти сангин барои ҳифз ва эҳтиром ба табиат ба ҳамроҳ дорад. Ислом бо нигоҳи амиқ ва эҳтиромомез ба муҳити зист шомили Замин, об, ҳаво, ҳайвонот ва гиёҳон, маҷмӯае аз дастуроти ахлоқиро ироа мекунад.
Дар ин матлаби Порс тудей, ба бархе аз ин тавсияҳо пардохта шудааст:
Қуръони карим табиатро маҷмӯае аз «оёти Аллоҳ» медонад, ки тафаккур дар онҳо нишонаи имон аст:
إِنَّ فِی خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّیْلِ وَالنَّهَارِ وَالْفُلْکِ الَّتِی تَجْرِی فِی الْبَحْرِ بِمَا یَنْفَعُ النَّاسَ وَمَا أَنْزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّمَاءِ مِنْ مَاءٍ فَأَحْیَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فِیهَا مِنْ کُلِّ دَابَّةٍ وَتَصْرِیفِ الرِّیَاحِ وَالسَّحَابِ الْمُسَخَّرِ بَیْنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ لَآیَاتٍ لِقَوْمٍ یَعْقِلُونَ إ
(بقره:164)
Бетардид дар офариниши осмонҳо ва Замин ва рафту омади шабу рӯз ва киштиҳое, ки дар дарёҳо [бо кашондани мусофир ва коло] ба суди мардум равонанд ва бороне, ки Худо аз осмон нозил карда ва ба василаи он заминро пас аз мурдагиаш зинда сохта ва дар он аз ҳар навъ ҷунбандае пароканда карда ва гардондани бодҳо ва абри мусаххар миёни осмон ва замин, нишонаҳое аст [аз тавҳид, рубубият ва қудрати Худо] барои гурӯҳе, ки меандешанд. (Бақара:164).
Дар тафсири ин оя Фахри Розӣ дар «Алтафсир алкабир» (ҷ3, с123) таъкид мекунад, ки тахриби табиат, ба маънои нодида гирифтани нишонаҳои Худост.
Ҳамчунин Қуръон, ҳайвонотро «умматҳои ҳамонанди инсон» муаррифӣ мекунад:
وَمَا مِنْ دَابَّةٍ فِی الْأَرْضِ وَلَا طَائِرٍ یَطِیرُ بِجَنَاحَیْهِ إِلَّا أُمَمٌ أَمْثَالُکُمْ ۚ مَا فَرَّطْنَا فِی الْکِتَابِ مِنْ شَیْءٍ ۚ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِمْ یُحْشَرُونَ
آیه 38 سوره انعام
Ва ҳеҷ ҷунбандае дар Замин нест ва на ҳеҷ парандае, ки бо ду боли худ парвоз мекунад, магар онки гурӯҳҳое монанди шумоянд.
(Анъом:38)
Аллома Таботабоӣ дар тафсири «Алмизон» (ҷ7, с87) ин ояро далеле бар иштироки ҳуқуқи ҳайвонот бо инсон медонад.
Ҳамчунин дар ривоятҳои Паёмбари акрам (с) ва имомон (а) эҳтиром ба табиат бахше аз имон шумурда шудааст:
- Ҳайвонот: дар ҳадиси мӯътабар аз Паёмбар (с) омадааст: Ҳар кас гунҷишкеро бесабаб бикушад, он гунҷишк дар рӯзи қиёмат аз ӯ ба даргоҳи Худо бинолад ва бигӯяд : Парвардгори ман ! фалонӣ маро на барои истифода, ки бесабаб кушт.
(Канзул-аъмол : 39971).
Имом Содиқ (а) низ мефармояд:
Ҳаққи ҳайвон бар ту ин аст, ки беш аз тоқат ӯро бар дӯш нагузорӣ(савор нашавӣ) . (Алкофӣ, ҷ5, с56)
- Дарахтон: Паёмбар (с) фармуд: Ҳар кас дарахтеро қатъ кунад(бибурад) Худованд саршро дар оташ мегузорад.
(“Муснад”и Аҳмад, ҷ2, с387)
Дар ривояти дигар, эшон кишоварзӣ ва дарахткориро ҳатто дар остонаи қиёмат тавсия мекунанд: Ҳангоме, ки қиёмат фаро расид ва ниҳоле дар дасти яке аз Шумо буд, бигузоред онро бикорад. (“Муснад”-и Аҳмад, ҷ3, с191)
- Об: дар фиқҳи исломӣ, исрофи об ҳатто дар вузӯ ҳаром аст. Имом Алӣ (а) дар нома ба Молики Аштар дар мазаммати ҳадар додани об мефрмояд: Ва обро исроф накунад. (Наҳҷулбалоға, номаи 53)
Фақеҳони бузурги Ислом низ бар эҳтиром ба табиат дар қонунҳои фиқҳӣ таъкид кардаанд:
- шайхи Муфид дар «Алмуқаннаъа» (с234) куштани ҳайвонот беҷиҳат(бедалил)ро ҳаром мешуморад.
- ибни Таймия дар «Маҷмӯъ-ул-фатовӣ» (ҷ2, с457) мегӯяд: «Тахриби дарахтон ва олуда кардани об, зулм ба ҳуқуқи умумӣ аст».
- Соҳиби Ҷавоҳир дар «Ҷавоҳирулкулом» (ҷ21, с63) бар лузуми риояти ҳуқуқи ҳайвонот дар забҳи шаръӣ таъкид мекунад.
Ислом бо таркибе аз оёти Қуръон, ривоятҳо, фиқҳ, бар «таклифи меҳварӣ» дар қиболи табиат таъкид мекунад ва рӯйкарди пешгирона дар қиболи буҳронҳои зистмуҳитӣ дорад. Аз диди Ислом, муҳити зист «амонати илоҳӣ» аст ва тахриби он, хиёнат дар амонати Худованд аст; бинобарин эҳтиром ба табиатро на як интихоб, балки фаризаи динӣ медонад. Имрӯза, мафоҳиме монанди «ҳими» (манотиқи ҳифозатшуда дар Ислом) ва «ҳаққуллмоъ» (ҳаққи дастрасии одилона ба об) метавонанд илҳомбахши қонунҳои модерн бошанд.