Дар сахтӣ ва хушӣ , некӯкор бимон !
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i121068
 Инсонҳои некӯкор сутунҳои ҷомеъае меҳрбон ва одиланд ; касоне ки дар ҳар шароите инфоқ мекунанд , хашми худро фурӯ мебаранд ва аз хатои дигарон мегузаранд .
(last modified 2025-07-20T06:03:18+00:00 )
Июл 19, 2025 22:12 Asia/Dushanbe
  • Дар сахтӣ ва хушӣ , некӯкор бимон !
    Дар сахтӣ ва хушӣ , некӯкор бимон !

 Инсонҳои некӯкор сутунҳои ҷомеъае меҳрбон ва одиланд ; касоне ки дар ҳар шароите инфоқ мекунанд , хашми худро фурӯ мебаранд ва аз хатои дигарон мегузаранд .

Ҷомеъае ки бар асоси меҳрбонӣ , гузашту адолат сохта шавад , зеботарин ҷилваӣ имонро нишон медиҳад . Қуръони Карим дар ояи 134 сӯраи Оли Имрон , вижагиҳои боризи касонеро ки мояӣ саломату рушди иҷтимоианд , муаррифӣ мекунад ; афроде ки дар ҳар шароите ба фикри кумак ба дигарон ҳастанд , хашми худро кантрол мекунанд ва аз хатоҳои дигарон мегузаранд .

«الَّذِینَ یُنفِقُونَ فِی السَّرَّاءِ وَالضَّرَّاءِ وَالْکَاظِمِینَ الْغَیْظَ وَالْعَافِینَ عَنِ النَّاسِ وَاللَّهُ یُحِبُّ الْمُحْسِنِینَ؛ ( некӯкорон ) касоне ҳастанд ки дар ҳангоми дороӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд , ва хашми худро фурӯ мебаранд , ва аз хатои мардум дармегузаранд,  ва  Худованд некӯкоронро дӯст дорад . »

Ин оят яке аз зеботарин ва пурмаънотарин оёти Қуръон аст ки вижагиҳои инсонҳои некӯкор ва таъсиргузор дар ҷомеъаро муаррифӣ мекунад . Ин афрод касоне ҳастанд ки дар ҳар шароите , чӣ дар рӯзҳои хуш ва чӣ  дар сахтиҳо , дасти кумак ба сӯйи дигарон дароз мекунанду саҳми худро аз масъӯлиятҳои иҷтимоӣ ба дурустӣ адо мекунанд . Ин инфоқу кумакрасонӣ , сирфан молӣ нест , балки шомили вақт , энержӣ ва муҳаббат низ мешавад .

Ҳамчунин ин оят ба унвони даъвати ҷомеъ ба ахлоқи иҷтимоӣ ва кантроли хашм метавонад бошад . Кантроли хашм яке аз муҳимтарин рафторҳои инсонӣ аст ки нақши асосӣ дар коҳиши танишҳо ва  ҷилавгирӣ аз фурӯпошии равобит иҷтимоӣ дорад . Хашму кина агар мудирият нашаванд , метавонанд тахрибкунанда ҷомеъа ва робитаи миёни афрод бошанд .

Дар ниҳоят , ин оят нишон медиҳад ки некукорӣ , сабр , кантроли хашму гузашт , на танҳо ибодатҳои фардӣ балки аъмоли иҷтимоианд ки боиси таҳкими пайвандҳои инсонӣ ва рушди фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеъа мешаванд . Аз ин рӯ , ҳар фарди муъмин муваззафаст дар тамомии шароити зиндагӣ , чӣ дар рифоҳ ва чӣ дар сахтӣ , ин вижагиҳоро дар худ тақвият кунад то ҷомеъаи одилонатару меҳрбонтар бисозад .