Шарти тозаи Арабистон барои сафар ба Маккаву Мадина
Вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистон эълом кард муҷаввизи адои фаризаи ҳаҷ ва умра дар Ҳарамайни шарифайн фақат барои касоне содир хоҳад шуд, ки ду дٌозаи воксани мавриди таъиди саъудиро тазриқ карда бошанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабкаи Алъолам, вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистон гуфтааст ин тасмим дар ростои ҳифзи саломатии умрагузорон, намозгузорон ва зоирони Масҷидулҳаром ва Масҷидун-набӣ бар асоси дастӯруламали Вазорати беҳдошти Арабистон ва ба манзури иҷрои протоколҳои пешгирона барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба корона гирифта шудааст .
Вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистон афзуд меҳмонони сарзамини ваҳйӣ, ки муҷаввизи адои маносики умра, намоз ё зиёратро резерв кардаанд, аммо ду доٌзаи воксани худро дарёфт накардаанд ,барои ҷилавгирӣ аз лағви муҷаввизи адои маносик ، бояд доٌзаи дувумро 48 соъат пеш аз судӯри муҷаввиз дарёфт кунанд.
Арабистон пештари адои маносики ибодӣ дар Масҷидулҳаром ва Масҷидун-набиро танҳо машрут ба дарёфти воксани мавриди таъйиди ин кишвар карда буд .
Бар асоси гузориши бархе манобеи хабарӣ мақомоти саъӯдии рӯзона 60 ҳазор, моҳона тақрибан 2 миллион умрагузорро пазириш хоҳанд кард .
Арабистон мурдодмоҳи гузашта аз пазириши зоирони 33 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон барои адои маносики « Ҳаҷҷи умра » худдорӣ карда буд .