Феврал 14, 2022 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи бонуи масеҳии украинӣ ба дини мубини Ислом дар Ёсуҷ

Бонуи масеҳии украинӣ дар шаҳри Ёсуҷ ба дини мубини Ислом ташарруф пайдо кард.

Лилия Хичак, бонуи масеҳии аҳли Киеви кишвари Украина дар Ёсуҷ, маркази устони Куҳгилӯя ва БойирАҳмад ва дар дафтари оятуллоҳ Сайиднасири Ҳусайнӣ, намояндаи валии фақеҳ дар устону имоми ҷумъаи Ёсуҷ шаҳодайнро хонд ва мусулмон шуд.

Лилия - бонуи 20 сола аз падару модаре украинӣ аст, ки дар риштаи дандонпизишкӣ дар донишгоҳи шаҳри Киеви кишвари Украина машғули таҳсил буд, ки бо Нимо Дурахшандаи аҳли Ёсуҷ ошно шуд.

Фаребо Ходим, модари ҳамсари ин бонӯи украинӣ гуфт, ин духтари украинӣ ба ҳиҷоби исломӣ алоқаманд шудаву баъд аз издивоҷ бо фарзандам ба Эрон омаданд.

 

 

 

 

Барчасп