Иди саиди Ғадири Хум муборак бод!
(last modified Mon, 18 Jul 2022 05:10:37 GMT )
Июл 18, 2022 10:10 Asia/Dushanbe
  • Иди саиди Ғадири Хум муборак бод!

Душанбе, ҳаждаҳуми зилҳаҷҷаи соли 1443 ҳиҷрии қамарт, мусодиф бо 18 июли 2022 рӯзи иди саиди Ғадири Хум, иди бузурги мусулмонон аст.

Ғадири Хум номи минтақае байни Макка ва Мадина аст, ки ҳазрати Муҳамад  (с), паёмбари гиромии Ислом дар ҳаҷҷулвидоъ ҳазрати имом Алӣ (а), имоми аввали шиаёни ҷаҳонро валии пас аз худ эълом карданд.

Паёмбари гиромии Ислом (с) дар бозгашт аз охирин ҳаҷҷи худ ҳамаи мусулмононе, ки дар ҳаҷ ширкат доштанд, дар минтақаи Ғадири Хум ҷамъ ва дар ин макон ҳазрати имом Алӣ (а)-ро ба унвони васӣ ва бародару ҷонишини худ аз ҷониби Худованди мутаол муаррифӣ карданд.

Паёмбари гиромии Ислом (с) дар хитобаи муҳими Ғадири Хум фармуданд: "Ҳар он кас, ки ман мавлои ӯ ҳастам, пас аз ман Алӣ мавлои ӯст».

Мардуми муъмину худоҷӯи Эрони исломӣ дар рӯзи иди саиди Ғадири Хум илова бар ҳузур дар амокини мазҳабӣ ва баргузории ҷашнҳои мухталиф, ба дидори содот мераванд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон  фаро расидани иди саиди Ғадири Хумро ба ҳамаи шиаёну дигар мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.