-
Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Тошканд сафар мекунад
Март 26, 2019 08:48Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои фармондеҳони Нерӯҳои марзбонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Тошканд сафар мекунад.
-
Кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба таъсисоти рустоҳои Тоҷикистон дар хати Каса -1000
Март 26, 2019 06:04Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди таъмини энержии рустоҳои Тоҷикистон, ки дар масири сохти хати Каса - 1000 воқеъ шудаанд, 24 миллион доллар кумак мекунад.
-
Шикояти мардум аз набуди барқ ва сукути масъулони ширкати Барқи Тоҷик
Март 26, 2019 05:20Бо вуҷуди ваъдаи масъулони ширкати давлатии Барқи Тоҷик барои лағви маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар айёми Наврӯз, шикояти мардум аз набуди барқ ҳамчунон идома дорад.
-
Волидайни 3 духтари донишомӯз дар Тоҷикистон ҷарима шуданд
Март 26, 2019 04:56Додгоҳи ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон волидайни 3 духтари донишомӯзро барои мамониат аз рафтани онон ба мактаб ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.
-
Озодии яке аз мухолифони боздоштшудаи тоҷик дар Украина
Март 26, 2019 04:27Мақомоти қазоии Украина яке аз мухолифони тоҷикистониро, ки ба дархости Душанбе боздошт шуда буд, пас аз ҳудуди 4 моҳ озод кардаанд.
-
Ҷашни Наврӯз бо мушорикати 14 кишвари ҳавзаи Наврӯз дар Маскав + видео
Март 25, 2019 13:59Ҷашни Наврӯз бо мушорикати 14 кишвари ҳавзаи Наврӯз ба мизбонии шаҳрдори Маскав дар парки ВДНХ - и ин шаҳр оғоз шуд.
-
Таъқиби муовини нахуствазири Қирғизистон ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистон
Март 24, 2019 16:47Мақомоти амниятии Қирғизистон таҳқиқи амалкарди муовини нахуствазири ин кишвар ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Тоҷикистонро шурӯъ карданд.
-
Радди истеъфои нахуствазири Тоҷикистон ба далели беморӣ
Март 24, 2019 15:36Котиботи нахуствазири Тоҷикистон эҳтимоли истеъфои нахуствазири ин кишварро рад кард.
-
Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон мақсадҳои аслии содироти Тоҷикистон
Март 21, 2019 16:56Мақсади аслии содироти Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2019 Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон будааст.
-
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав сафар мекунад
Март 21, 2019 16:40Вазири дороии Русия гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 17 апрел дар як сафари расмӣ аз Маскав боздид ва бо Владимир Путин ҳамтои руси худ мулоқот мекунад.