Озодии яке аз мухолифони боздоштшудаи тоҷик дар Украина
(last modified Tue, 26 Mar 2019 03:57:32 GMT )
Март 26, 2019 08:57 Asia/Dushanbe
  • Озодии яке аз мухолифони боздоштшудаи тоҷик дар Украина

Мақомоти қазоии Украина яке аз мухолифони тоҷикистониро, ки ба дархости Душанбе боздошт шуда буд, пас аз ҳудуди 4 моҳ озод кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Абдулқодир Носирови 34 сола дар моҳи декабри соли 2018 ҳангоми вуруд ба шаҳри Харкови Украина ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон, ба унвони фарди таҳти таъқиби полиси байналмилал ба иттиҳоми доман задан ба ихтилофи мазҳабӣ ва таблиғи ақоиди салафия боздошт шуда буд.

Вай пас аз ин ки наворҳои мавъизаҳои худро дар интернет мунташир кард, аз сӯйи мақомоти қазоии Тоҷикистон ба доман задан ба ихтилофи мазҳабӣ муттаҳам ва номаш дар феҳристи афроди таҳти пайгарди полиси байналмилал қарор дода шуд.

Аммо Абдулқодир Носиров муддаӣ аст, ки иллати боздошти вай ҳамкорӣ накардан бо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст.

Бинобар иддаои Абдулқодир Носиров, ҳангоми донишҷӯии вай дар Арабистони Саудӣ, кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ додаанд, ки мувофиқат накарда ва ба ин далел ба иттиҳоми доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ таҳти пайгарди Интерпол қарор гирифтааст.

Вай пас аз раҳоӣ аз боздошт гуфтааст, ки бар асоси иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯйи мақомоти қазоии Тоҷикистон, ӯ бо сафар ба Миср ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ иртибот барқарор кардааст. Дар ҳоле ки дар гузарнома ё шиносномаи хориҷии вай нишоне аз вурудаш ба ин ду кишвари арабӣ вуҷуд надорад.

Абдулқодир Носиров мегӯяд, бо собит нашудани ин иттиҳом, аз Душанбе ба мақомоти қазоии Украина номаи дигаре ирсол шуд, ки ин бор талош карданд вайро ба узвият дар гурӯҳи салафия муттаҳам кунанд , ки боз ҳам исбот нашуд.

 

 

Барчасп