Pars Today
Раиси ҷумҳурии Ирландия бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар Дублин ва имзои дафтари ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористии Кирмон, зимни ибрози ҳамдардӣ, паёми таслияти худро изҳор дошт.
Ба дунболи ҳамлаи террористҳо ба як посгоҳи полис дар тавобеи шаҳристони Роск дар устони Систон ва Балучистон (ҷануби шарқи Эрон), ки бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) рӯй дод, як маъмури нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳодат расид.
Сухангуи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ дар гулзори шуҳадои Кирмон таъкид кард тероризм хатари фарогир барои ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо ва барои сулҳу амнияти байналмилалӣ аст.
Додситони устони Кирмон ҷануби Эрон аз боздошти 32 нафар дар иртибот бо парвандаи ҷинояти террористии шаҳри Кирмон хабар дод.
Гузоришгари вижаи Шӯрои ҳуқуқи башар дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон, бар хилофи рӯйкарди ғайриҳирфаӣ ва ҷонибдоронаи маъмули солҳои ахири худ, дар баёнияе ҳамалоти террористӣ дар Кирмонро маҳкӯм кард.
Ҳунармандони эронӣ монанди дигар мардуми Эрон ба ҳодисаи террористӣ дар гулзори шаҳидони Кирмон вокуниш нишон доданд.
Маросими ҷанозаи пайкари шуҳадои ҳодисаи террористии Кирмон бо ҳузури пуршӯри мардум, ҷамъе аз масъулон ва хонаводаҳои ин шуҳадо баргузор шуд.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷинояти террористии Гулзори шуҳадои Кирмон дар ҷануби Эронро маҳкум кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико пазириши масъулияти ҳамалоти террористӣ дар Кирмон, ҷануби Эрон аз сӯи гуруҳи террористии ДИИШ - ро таъйид кард.
Гурӯҳаки террористии ДИИШ дар баёнияе масъулияти инфиҷорҳои террористии Гулзори шуҳадои Кирмон дар ҷануби Эронро бар уҳда гирифт.