Март 26, 2023 10:03 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати Толибон ба вилояти Бадахшон

Ҳайати расмии Толибон аз консулгарии Афғонистон дар шаҳри  Хоруғи вилояти Бадахшон боздид кард.

Абдулққаҳор Балхӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон рӯзи шанбе дар поёме навишт, ин ҳайат аз бинои консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшони Тоҷикистон боздид кардааст.

Ба навиштаи сомонаи  Sputnik, Балхӣ тасреҳ кард, намояндагони Толибон ба сарпарастии Ҳоҷӣ Муҳаммадмусо Амирӣ дар боздид аз консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, хисоратҳои ношӣ аз фаромадан тармаро баррасӣ ва гузоришеро ба вазорати хориҷа дар Кобул ироа кардаанд.

Гуфтанист, Тоҷикистон танҳо ҳамсояи Афғонистон аст, ки бо давлати муваққати Толибон робита надорад. Аз тарафи дигар ҷабҳаи мухолифи Толибон мавсӯм ба Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар Афғонистон фаъол аст.

Дар ҳоле, ки Толибон аз августи 2021 кантроли Афғонистонро дар даст гирифта, сафорати ин кишвар дар Душанбе ҳамчунон дар ихтиёри дипломатҳои давлати собиқ қарор дорад ва ин дафтар намояндагӣ ҳануз дар бораи сафари ҳайати Толибони изҳори назар накардааст.

\Консулгарии кулли Афғонистон дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, соҳили рости дарёи Ғунд ҷойгир буда, дар он ҳудуди 10 нафар кор мекунанд.

 

Барчасп