Муайна шудани хисорати заминларза дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Рашт
(last modified Mon, 27 Mar 2023 12:51:17 GMT )
Март 27, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Муайна шудани хисорати заминларза дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Рашт

Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт хисорати ношӣ аз заминларза мушаххас шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар,24 март аз ҷониби гурӯҳҳои кории Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Палдорак, Ярм ва Пакшифи Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 144 манзили истиқоматӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Зимни он маълум гардид, ки дар ҳудуди деҳаи Палдорак 77 хона зарар дида, аз он 2 хона пурра ва 20 хона қисман осеб дидааст. Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Ярм 18 хонаи истиқоматӣ аз назар гузаронида шуд. Маълум гардид, ки аз шумораи умумии онҳо шаш хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар деҳаи Пакшиф бар асари заминларза 49 хона осеб дидааст.

 Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар теппаҳо сохта шуда, таҳкурсӣ ҳам надоштаанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда, муҳлати истифодаашон низ гузаштааст.