Афзоиши теъдоди парвозҳо аз шаҳри Самараи Русия ба Душанбе
(last modified Thu, 30 Mar 2023 10:23:13 GMT )
Март 30, 2023 15:23 Asia/Dushanbe
  • Парвози нав дар масири Тоҷикистон ва Русия
    Парвози нав дар масири Тоҷикистон ва Русия

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ теъдоди парвозҳо миёни пойтахти Тоҷикистон ва Самараро афзоиш доданд.

Ба гузориши “Спутник”, аз 30 март ҷадвали парвоз бо масирҳои ҷадид такмил мешавад.

Дар баҳори соли 2023 аз шаҳри Самараи Русия ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон теъдоди масири ҳавоӣ афзоиш ёфт.

Тибқи нишонаи таблиғи онлайни парвозҳои фурудгоҳи Курумоч, аз 31 март боз як масири мустақим аз шаҳри Самара ба Душанбе изофа мешавад.

Парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Nordwind” ҳар ҳафта, рӯзи ҷумъа анҷом мешавад.

Парвоз аз шаҳри Самара соати 06:45, аз Душанбе соати 12:30 дар назар аст. Муддати сафар 3 соату 20 дақиқа хоҳад буд.

Илова бар ин, аз 30 март дар як ҳафта чаҳор маротиба: рӯзҳои шанбе, якшанбе, сешанбе ва панҷшанбе ҳавопаймоҳои ширкати дигари русии "Хутути ҳавоии Урал" аз шаҳри Самара ба Душанбе парвоз мекунанд.

Ҳамчунин, аз 2 апрел дар ҷадвали байни шаҳрҳо парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон изофа хоҳанд шуд.

Ҳафтае як маротиба дар рӯзҳои шанбе ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвоз анҷом хоҳад дод.