Апрел 01, 2023 17:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури тими доварии Эрон дар мусобиқоти интихобии олимпии футболи бонувони Осиё дар Тоҷикистон

Се довар аз Эрон дар мусобиқоти интихобии олимпии футболи бонувони Осиё ҳузур доранд.

Рақобатҳои марҳалаи аввали интихобии олимпии футболи бонувони Осиё дар гурӯҳи E, аз 5 то 11 апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва бо эъломи Конфедерасиюни футболи Осиё Маҳнози Закоӣ ба унвони довар ва Инсия Хаббозӣ Мофӣ Нажод ба унвони кумакдовар, ин рақобатҳоро қазоват мекунанд.

Ҳамчунин Салтанат Наврӯзӣ ба унвони довару Баҳора Сайфии Наҳовандӣ ба унвони кумакдовари мусобиқоти гурӯҳи G, ки ба мизбонии Қирғизистон аз 5 то 11 апрел дар Бишкек баргузор мешавад, қазоват хоҳанд кард.

Мусобиқоти гурӯҳи A низ ба мизбонии Узбекистон дар ҳоле аз  5 то 11 апрел баргузор мешавад, ки бо эъломи Конфедерасиюни футболи Осиё, Маҳсо Қурбонӣ ба унвони довар ва Отно Лашнӣ ба унвони кумакдовар қазовати ин гурӯҳро бар ӯҳда доранд.

 

Барчасп