Ройзаниҳои сиёсии мақомоти Уммон ва Тоҷикистон
(last modified Mon, 03 Apr 2023 13:02:08 GMT )
Апрел 03, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сиёсии мақомоти Уммон ва Тоҷикистон
    Ройзаниҳои сиёсии мақомоти Уммон ва Тоҷикистон

Даври дувуми нишасти сиёсии мақомоти Тоҷикистон ва Уммон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Уммон дар Масқат баргузор шуд.

Дар ин ройзаниҳо вазъияти мавҷуд ва чашмандози рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Уммон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузори, энержӣ, гардишгарӣ, саноат, тақвияти чорчуби қарордоди ва қонуни ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ барраси шуд.