Апрел 06, 2023 11:49 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоишии сармоягузории Тоҷикистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон
    Баргузории ҳамоишии сармоягузории Тоҷикистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон

Ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дарёфти роҳҳо ва фурсатҳои сармоягузорӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, саноъе, энержӣ, гардишгарӣ, ҳамлу нақл,  лаҷестикӣ, кишоварзӣ, фанновариҳои навин ва рушди содирот эълом шуд.

Дар ҳамоиши сармоягузори Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ва Соҳиб Мамадов, муовини вазири иқтисодии Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дидгоҳҳои худро дар мавриди роҳҳои тақвияти манофеъи мутақобили ҳамкории иқдисодӣ ва тиҷорӣ ва ҷазби сармояи Озарбойҷон ба иқтисоди Тоҷикистон баён карданд.

Баргузори ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақши муассир дар тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузории дукишвар хоҳад дошт.

Барчасп