Мамнуъулвуруд шудани 4215 муҳоҷири тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i1009-Мамнуъулвуруд_шудани_4215_муҳоҷири_тоҷик
Санҷишҳои Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нишон дода, ки соли равон воридшавии 4215 нафар муҳоҷирони корӣ, бахусус ба Федератсия Русия мамнӯъ шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 30, 2016 16:10 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъулвуруд  шудани 4215 муҳоҷири тоҷик

Санҷишҳои Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нишон дода, ки соли равон воридшавии 4215 нафар муҳоҷирони корӣ, бахусус ба Федератсия Русия мамнӯъ шудааст.

 Дар ҳоле, ки   4 ҳазору 60 нафар мард ва 155 нафар зан  аз дарёфти ризқ дар   хориҷи  кишвар  маҳрум шудаанд,  қисме талоши рафтан  ба  Ҷумҳурии Қазоқистонро дошта,  бархеи  дигар  сафи  коргарони кирояро дар бозорҳои вилоят афзоиш додаанд.

 Қирғизбек Зокиров, муовини сардори Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон мегуяд, ки дар нимсола  419 нафар бозпасшудагон   барои дарёфти кор ва касбомӯзӣ ба онҳо  муроҷиат кардаанд.

Оқои Зокиров дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, 54 нафар муҳоҷирони депортшударо бахусус дар  ширкатҳои хориҷие, ки дар қаламрави вилояти Хатлон  фаъолият  мекунанд  бо кори доимӣ таъмин кардаанд.

 Гуфтанист,  дар ҳудуди вилояти  Хатлон 34 субъекти хоҷагидорӣ дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ буда, айни ҳол дар 29 тои онҳо   як ҳазору 600 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус  хитоиҳо  кор мекунанд.

Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани амалётҳои назоратӣ аз ҷониби кормандони  Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  дар вилояти Хатлон  ду шаҳрванди хориҷӣ бо қарори суди шаҳри Қӯрғонтеппа аз қаламрави ҷумҳури  бароварда шудаанд.

 Ҳамзамон  кормандони  Раёсат  дар   18 ҳолат  қонунвайронкунӣ  аз ҷониби шаҳрвандони хориҷиро   ошкор намуда,  онҳоро   ба маблағи   21 ҳазор сомонӣ  ҷарима бастаанд.

Тибқи маълумоти   нимсола тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии  ҷумҳурӣ   аз вилояти Хатлон  142 ҳазору 753 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ  рафтаанд, ки беш аз 18 ҳазори онҳо бонувон мебошанд. Дар ин давра 79 ҳазору 514 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан  бозпас шудаву 140 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар фавтидааст.

Коршиносони маҳаллӣ  дар ин замина мегуяд то замоне, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мардум соҳиби ҷойи корӣ ва маоши кофӣ  нашаванд, рӯ ба хориҷӣ кишвар мебаранд.

Танҳо  дарёфти ризқу рӯзи дар  Ватан метавонад боиси осудахотирии мардум ва суботи кишвар гардад.