Мудирони Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои ҷадидеро барои нобиноён таҳия карданд
Ин китобҳои ҷадид ба хати брайл вижаи нобиноён аст.
Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, Китобхонаи миллии Тоҷикистон(КМТ) маҷмуае аз китобҳои ҷадид ба забони тоҷикиро барои нобиноён таҳия кардааст.
Назира Толибова, мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди КМТ гуфт, ин китобҳои ҷадид бо хати брайл мунташир шудааст.
Ба гуфта вай, 711 нусха китоб ба хати брайл ва ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар бонки иттилоотии ин китобхона захира шудааст ва хонандагон бо тавоноии маҳдӯд метавонанд аз он истифода кунанд.
Ин масъул изҳор кард, китобхона имкони чопи китоб ба хат брайл надорад ва бештар созмонҳои давлатӣ ё хориҷӣ ин гуна китобҳоро ба сӯрати ройгон дар ихтиёри китобхона қарор медиҳанд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба тозагӣ низ сафҳаҳои “Ютюб” ва канали “Телеграм"-ии худро барои алоқамандон ба китоб роҳандозӣ кардааст.