Мулоқоти мудирони “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон бо намояндагони шаҳри Қошғари Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i100968-Мулоқоти_мудирони_Сомон_Эйр_и_Тоҷикистон_бо_намояндагони_шаҳри_Қошғари_Чин
Мудирияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон бо намояндагони шаҳри Қошғари минтақаи Синҷон- Уйғури Чин дидор ва музокира карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Апрел 15, 2023 16:39 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти мудирони “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон бо намояндагони шаҳри Қошғари Чин

Мудирияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон бо намояндагони шаҳри Қошғари минтақаи Синҷон- Уйғури Чин дидор ва музокира карданд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, дар ин дидор роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар ҳавзаи ҳавонавардӣ, аз ҷумла имкони барқарории масири ҳавоии Душанбе - Қошғар - Душанбе баҳсу баррасӣ шуд.

Абдулқосим Валиев, мудири ин ширкат гуфт, “Мо шаҳри Қошғарро яке аз самтҳои Чин, ки дар дурнамои миёнамуҳлат метавонем хатсайрҳо боз намоем, баррасӣ мекунем. Бешубҳа, ин кишварҳои моро ба ҳам боз наздиктар мекунад. Ният дорем, ки ба омӯзиши масоили ифтитоҳи хатсайр пардозем”.

Ӯ афзуд, бидуни шак ин амр кишварҳои моро ба ҳам наздиктар хоҳад кард.