Тақвияти ҳамкории фаннӣ ва мушовараии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ
(last modified Mon, 17 Apr 2023 11:20:19 GMT )
Апрел 17, 2023 16:20 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкории фаннӣ ва мушовараии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ

Дар дидори раиси Бонки Миллии Тоҷикистон бо мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ масоили ҳамкории фаннӣ ва мушовараӣ барои мудирияти муассири манобеи байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон бо Тереза Кече, раиси хазонадории Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҷорҷ Бентли, «Шарикии машваратӣ ва идоракунии захираҳо»-и Бонки Ҷаҳонӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, ки дар ҳошияи нишастҳои баҳории Сандӯқи байналмилалии пул ва гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон баргузор шуд, масоили ҳамкории фаннӣ ва мушовараӣ барои мудирияти муассири манобеи байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон зимни суханоне дар ин нишаст аз ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар чорчӯби барномаи «Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо» дар ҷиҳати ироаи кумакҳои фаннӣ ва мушовараӣ изҳор ризоят кард.

Изҳор шуд, ки Бонки Миллии Тоҷикистон аз соли 2016 ба узвияти барномаи «Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо» даромада ва бо ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ дар ростои мудирияти муассири манобеи байналмилалӣ корҳои қобили таваҷҷӯҳе анҷом додааст.