Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар нишастҳои солонаи Бонки Ҷаҳони ва сандуқи байналмилалии пул
(last modified Tue, 18 Apr 2023 13:30:52 GMT )
Апрел 18, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
  • Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар нишастҳои солонаи Бонки Ҷаҳони ва сандуқи байналмилалии пул
    Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар нишастҳои солонаи Бонки Ҷаҳони ва сандуқи байналмилалии пул

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти солонаи Бонки Ҷаҳони ва сандуқи байналмилалии пул ширкат кард.

Аз 10 то 16 апрел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Неъматулло Ҳикматзода дастёри раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури иқтисоди дар нишастҳои солонаи Бонки Ҷаҳони ва сандуқи байналмилалии пул, ки бо номи рушди таҷдид дар шаҳри Вашенгтони Амрико баргузор шуд ширкат кард.

Дар ҳошияи иҷлоси солона аъзои ҳайати Тоҷикистон дар чанд руйдоди сатҳи боло аз ҷумла маҷмаъи иқдом барои об конфронси меканизми таъмили молии ҷадид дар сурати вуқуъи балоҳои табиъи, рушди бозори барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамоиши амнияти ғизоӣ ширкат ва суханрони карданд.

Дар ҳамин росто ҳайати Тоҷикистон бо масъулон ва намояндагони кишвар ва созмонҳои ширкаткунанда дидору гуфтугу ва масоили рушди равобити дуҷониба ва чандҷонибаро барраси карданд ҳамчунин ба ибтикори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои утоқи бозаргонии Амрико дидор кард, ки тайи он фурсатҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва сармоягузориҳои тарафайн ироа ва мавриди баҳс қарор гирифт.