Ройзании сафири Кореяи Ҷанубӣ бо мақомоти Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон
Апрел 19, 2023 12:38 Asia/Dushanbe
Роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар заминаи сайёҳӣ баррасӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафири Кореяи Ҷанубӣ бо масъулони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
Дар ин дидор дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба дар ҳавзаи сайёҳӣ, баррасии таҷориби Кореяи Ҷанубӣ ва ҷазби сармоягузорӣ дар ин замина табодули назар шуд.
Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки коргурӯҳе барои таъйини авлавиятҳои тавсеаи санъати гардишгарии Тоҷикистон ва ошноии бештар бо таърих, фарҳанг, табиат, зерсохтҳои гардишгарӣ ва анвоъи гардишгарӣ ташкил шавад.
Барчасп