Май 02, 2023 16:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё
    Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё

Дар дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё вазъият ва чашмандози ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои футболии ҷаҳон ва минтақа барраси шуд.

Ба гузориши радиои тоиҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷанни Инфантино, раиси ФИФА ва Салмон бин Иброҳим ал-Халифа, раиси Конфедератсияи футболи Осиё дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор вазъият ва дурнамоӣ ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои муътабари футболи ҷаҳон ва минтақа ба вижа ҷойгоҳи футбол дар ҷомеъаи Тоҷикистон мардуми будани ин варзиши пуртарафтод дар ин кишвар ва ҳамчунин иқдомоти давлат ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷиҳати рушди бештари он барраси шуд.

Тарафайн руи мавзуъоти беҳбуди бештари зерсохтҳои футбол дар Тоҷикистон, чашмандозирушди футболи ҷавонон ва бонувон дар ин кишвар ва ҳамчунин футзал таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ташакур аз кумак ва ҳимояти пай дар пайи ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё дар рушди футболи ин кишвар ибрози бовари кард, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои муътабари футболи ҷаҳон ва минтақа ҳамчунон созанда хоҳад буд.

Раиси ФИФА пеш аз ин бо Рустами Эмомалӣ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон дидор ва ду тараф масоили дурнамои ҳамкориҳои бештар, рушди кунуни ва ояндаи футболи Тоҷикистонро ба сурати муфасал барраси карданд.

Барчасп