Май 03, 2023 11:28 Asia/Dushanbe
  • Аз аввали май ҳаракати автобусҳо дар масири Душанбе - Хуҷанд оғоз шуд

Дар ҳоли ҳозир 3 дастгоҳи автобус ба ин масир ихтисос додашудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба таъдоди мусофирбар дар масири теъдоди он коҳиш ё афзоиш меёбад.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, тибқи барнома, автобуси ин масир ҳар рӯзи соати 8 субҳ аз истгоҳи автобуси Душанбе (Asian Express Terminal) ба самти Хуҷанд ҳаракат мекунад.

Аз Хуҷанд ба Душанбе, автобус соати 07:00 аз автовокзали кӯҳна (маҳаллаи Пахтакор) ҳаракат мекунад.

Ҳазинаи билети яктарфа 85 сомонӣ аст.

Ҳамчунин равуои автобусҳо бо хатсайри “Душанбе - Панҷакент” низ барқарор шуда, нархи билет ба як самт ба 70 сомонӣ баробар аст.

То ин дам байни пойтахти кишвар ва шаҳри Хуҷанд автобусҳои мусофирбар равуо намекарданд. Asian Express соли гузашта як сафари озмоишӣ анҷом дод, аммо бо сабаби корҳои таъмир дар нақби “Истиқлол”, он боздошта шуд.

 

Барчасп